Дар Истаравшан чандин санги гӯрро шикастаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Афроди ношинос дар қабристони деҳаи Боғи Калони Истаравшан, шимоли кишвар, тақрибан бист санги мазорро шикастаанд. Дар ин сангҳо ному насаб ва соли таваллуду марги афроди фавтида навишта шудааст.
Сокинони деҳаи Боғи Калон мегӯянд, сангу катибаҳои шикастаро рӯзи 8-уми март ҳангоми зиёрати қабристон мушоҳида карданд. Ин видеоро сокинон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд.