Маркази бӯҳронӣ барои занон дар Хатлон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Суроғаи паноҳгоҳи занон дар Хатлон ба ҷузъ аз масъулини ҳукумат ва пулисҳо ба касе маълум нест ва барои қурбониёни шиканҷа ва кӯдакони онҳо имкон дода мешавад, 14 рӯз дар ин шелтер ё паноҳгоҳ зиндагӣ кунанд. Ба гуфтаи Мавҷуда Шарипова, дар ин муддат масъулини Маркази бӯҳронӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоту пулис кӯшиш мекунанд бо шавҳар ва хонаводаи зан сӯҳбатҳо кунанд ва роҳе барои мушкили ӯ пайдо намоянд.