Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – созишномаеро тасвиб кард, ки тибқи он ширкати хусусии "Амирӣ" ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд.
Дар давоми даҳ сол ширкат аз андоз аз фоида ва маҳсулоте, ки аз хориҷ ворид мекунад, аз пардохти НДС ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад
Мувофиқи санадҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин ширкат ба Давлатов Зарифбек Шарифович тааллуқ дорад. Дар гузашта чанде аз пойгоҳҳои хабарӣ, аз ҷумла eurasianet.org ва нашрияи "Аргументы и факты"-и чопи Маскав ӯро яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд. Зарифбек Давлатов дар гузашта намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд ва соли 2010 аз ин мақом озод шуд.
Баҳси беш аз 20 миллион доллар
Вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 6-уми март аз созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумат ва корхонаи қаннодии "Амирӣ" ҷонибдорӣ карданд.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ, гуфт, дар доираи созишнома ширкат барои сохтмони корхонаҳои нав 217 миллион сомонӣ, муодили беш аз 20 миллион доллар сармоягузорӣ карда, дар иваз даҳ сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мешавад.
"Аз ҷониби ширкати ватанӣ (манзур ҶДММ “Амирӣ”) таҷдиди корхонаи қаннодии мавҷуда, ҳамзамон сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хокаи нишоста ва орди гандум ба роҳ монда мешавад", - афзуд ӯ.
Раиси кумита дар тавсифи лоиҳа гуфт, он аз се марҳила иборат буда, дар навбати аввал иқтидори истеҳсолии корхона то 27 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар як сол расонда хоҳад шуд. Вай гуфт, "дар марҳилаи дувум корхонаи истеҳсоли хокаи нишоста бо иқтидори 8 ҳазор тонна ва дар ниҳоят корхонаи орди гандум бо тавоноии 12,5 ҳазор тонна дар сол ба кор дароварда мешавад."
Ширкат чӣ медиҳад ва чӣ мегирад?
Дар ҷаласаи порлумон Акмал Ҳомидов, роҳбари ширкати “Амирӣ” низ ҳузур дошт ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз ӯ дар мавриди манбаи сармояҳо ва ҷойҳои кории нав пурсид.
"Маблағҳои сармоягузоришаванда аз ҳисоби даромади худи корхона ҳастанд ва таҷҳизоти нав тавассути созишномаҳои лизингӣ харида мешавад. Дар доираи лоиҳа беш аз ҳазор ҷойи кории нав барои коргарони маҳаллӣ ташкил дода мешавад", - посух дод Ҳомидов.
Пас аз радду бадалҳо, Шукурҷон Зуҳуров пурсид, ки ширкати "Амирӣ" аз давлат чӣ имтиёз мегирад? Фаррух Ҳамрализода дар ҷавоб гуфт, "дар давоми 10 сол ширкат аз андоз аз фоида ва маҳсулоте, ки аз хориҷа ворид мекунад, аз пардохти НДС ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд."
Имтиёз ба ширкатҳои "худӣ"?
Дар ҳоле ки соҳибкорон ва моликони ширкатҳои дигар аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои наздик ба ҳукумат имтиёз мегиранд ва аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тоҷикистон шартҳоро иҷро накард". Қатъи $20 млн қарзи бонки АвруОсиё. ВИДЕОДар гузашта чанде аз ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдор шуда буданд. Тоҷикистон ширкатҳои “Хуаксин Ғаюр Семент” ва “Хуаҷин Ғаюр Индастриал”-ро, ки ба Акбар Ғуломов, писари муовини нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов мутааллиқ аст, низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.
Аммо коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи" бозиро муайян кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор гашта, дигарон зери бори андоз қомат хам кунанд.
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки ҷаҳонӣ низ дар гузоришҳои худ гуфтаанд, ки имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест, чун дар шароити иқтисоди бозорӣ миёни ширкатҳо рақобати носолимро ба вуҷуд меорад ва аз тарафи дигар будҷаи кишвар аз даромад маҳрум мемонад.
"Муассис Ғайбуллозода буд"
Фабрикаи қаннодии "Амирӣ" соли 2010 таъсис ёфта, муассисаш Абдураҳмон Ғайбуллозода буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Бо сабаби камбудӣ" аз кор рафтанд, аммо мансаби нав гирифтандДар иттилоияи “Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” аз моҳи августи соли 2015 Абдураҳмон Ғайбуллозода ба ҳайси муассис ва ё молики ин ширкат муаррифӣ шудааст. Ғайбуллозода он замон дар маҷлиси шӯро аз гаронии боҷи гумрукии ашёи хом барои тавлиди қанду конфет, аз ҷумла шакар ва равғани палма шикоят карда буд.
Аммо айни замон дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ – Давлатов Зарифбек Шарифбекович ба ҳайси ягона муассиси ин ширкат нишон дода шудааст. Маълум нест, дар пайи кадом муомилае ин ширкат аз дасти Абдураҳмон Ғайбуллозода ба ихтиёри Зарифбек Давлатов гузаштааст.
То замони омода шудани матлаб маъмурияти фабрика ба суолҳои хаттии Радиои Озодӣ посух нагуфт.
Дар зимн, фабрикаи қаннодии "Амирӣ", ки дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, канори шаҳри Душанбе, воқеъ аст, дар як соат иқтидори тавлиди ним тонна шоколад ва 250 кило каремелро дорад. Ширкат дар гузашта аз аз IFC – Корпоратсияи байналмиллалии молиявии тобеи Бонки ҷаҳонӣ барои пешбурди кораш қарзҳои боимтиёз дарёфт кардааст.