Гургҳо дар Шуғнон як модару духтарро куштаанд

Ноҳияи Шуғнон. Акс аз бойгонӣ.

Гургҳо дар деҳаи Мденхори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон як модару духтарро куштаанд. Ҳодиса субҳи 7-уми март рух додааст. Аз қурбониёни ҳодиса Амалбегим Ташрифбековаи 83-сола ва духтараш Мастибегим Давандоваи 55-сола ном бурда мешавад.

"Ҳамааш вақте сар зад, ки..."

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса замоне рух додааст, ки модару духтар барои зарурат субҳи барвақт ба рӯи ҳавлӣ баромада буданд". Масъулони ҷамоати Поршнев ҳам гуфтанд, гургҳо дар ин ҳамла шиками модару духтарро даридаанд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоати Поршнев, ҳаддиақал дар даҳ соли ахир ин бори аввал аст, ки гургҳо ба сокинони ин ҷамоат ҳамла мекунанд.

Наздикони модару духтари ҳалокшуда мегӯянд, дар чанд соли ахир ин бора аввал аст, ки гургҳо ба сокинони маҳаллии ин деҳа ҳамла мекунанд. Парвина, як ҳамсояи Амалбегим Ташрифбекова ба Радиои Озодӣ гуфт, гургҳо аз гулӯи модар дошта, ӯро дар ҳамон ҷо куштаанд.

"Духтарро гургҳо хеле ҷойи дуртар қариб наздикии теппа бурда, ҳама ҷояшро канданд. Хонаи онҳо дар миёни қишлоқ аст. Ҳама ҳамсояҳо бо ҳам девор ба девор ҳастанд, лекин намедонам, ки чӣ хел одамон зуд хабардор нашуданд",-афзуд Парвина.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, гургҳо баъд аз боридани барфи шадид ба деҳа фаромаданд. Хатари омадани гургҳо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо ҳамоно вуҷуд дорад, чун барф дар деҳаи Мденхор ҳамоно то зону аст.

Ноҳияи Шуғнон. Акс аз бойгонӣ.

Дар гузашта низ дар вилояти Бадахшон дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ аҳолӣ ҷони худро аз даст дода буданд. Аз ҷумла, дар моҳи феврали соли 2013 сокини 81-солаи деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон Наботбегим Худодова аз ҳамлаи гургон захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда буд.

Моҳи январи ҳамон сол як хонуми солхӯрдаи сокини деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон Озода Саиднуруллоева ҳам мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифт. Селаи гургон ба сокини 90-солаи ин деҳа ҳамла карда, ӯро шадидан маҷрӯҳ карданд. Ӯ муддати зиёд дар бемористон захми дандони ин ҷонвари ваҳширо муолиҷа кард.

"Шикори гургҳо шуруъ шуд"

Дар ҳамин ҳол масъулини ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон мегӯянд, баъд аз ҳамлаи гургҳо ба ду зан ба шикори ин ҳайвони ваҳшӣ шуруъ кардаанд.

Ҳикмат Қаландарбеков, раиси ҷамоати Поршнев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаддиақал дар даҳ соли ахир ин бори аввал аст, ки гургҳо ба сокинони ин ҷамоат ҳамла мекунанд. Ба гуфтаи Қаландарбеков, қаблан ҳайвонҳои ваҳшӣ ба ҷонварони хонагии мардум ҳамла мекарданд, аммо ба худи сокинон кордор намешуданд.

Раиси ҷамоати Поршнев дар бораи афзоиши ҳамлаи гургҳо гуфт, "барф имсол зиёд борид, дар куҳу пуштаҳо ҳеҷ чиз нест. Гургҳо, ки гурусна ҳастанд, ба одамон ҳамла мекунанд".

Қаландарбеков афзуд, дар пайи ҳодисаи ҳамлаи гургҳо ба ду зан ба шикори ин ҳайвонҳо ваҳшӣ шуруъ карданд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, бо роҳи шикор мехоҳанд хатари ҳамлаи гургон ба сокинонро камтар кунанд.

Зимнан мутахассисон мегӯянд, гург як ҷонвари нирӯманд аст ва маъмулан шикори онҳо ба таври гуруҳӣ сурат мегирад.