Масъулини фабрикаи заршӯии "Апрелевка" баъди нашри шикояти коргаронаш дар Радиои Озодӣ, иддао доранд, ки маоши коргаронро пурра пардохт кардаанд. "Апрелевка" ширкати муштараки Тоҷикистону Канада аст ва дар мавзеи Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд тилло истихроҷ мекунад.
Шуморе аз коргарони ин ширкат дар моҳи феврал ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки 3 моҳ боз маоши худро дарёфт накардаанд. Ин коргарони ширкати "Апрелевка" он замон гуфта буданд, ки масъулин ҳар рӯз ваъда медиҳанд, аммо музди корро намепардозанд. Дидори хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин фабрикаи заршӯйӣ нишон дод, ки гапҳо низ он қадар беасос набудаанд.
"Апрелевка" дар заминаи пойгоҳи иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктилло" соли 1996 таъсис шудааст. 49 дарсади саҳмияҳои он ба ширкати "Галф Интернешнл Минералз"-и Канада ва 51 дарсад ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Ҳафтаи гузашта вақте ба ин корхона рафтем, чархаҳои коргоҳи заршӯии он дар гардиш буд. Киштманд Раҳматуллозода 3 сол боз дар ин бахш ба ҳайси "оператор" кор мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷустуҷӯи кор аз ноҳияи Панҷакент ба ин ҷо омад ва ҷои кор пайдо кард. Раҳматуллозода мегӯяд, моҳона беш аз 2 ҳазор сомонӣ маош мегирад ва ҳар моҳ дарёфт мекунад.
Вале ба гуфтаи бархе коргарон, таъхир дар пардохти маош ҳам иттифоқ меафтад. Мансур Машарифов ва шарики ӯ Дадомат Аъзамов кафшергар ҳастанд ва дар хати нави корхонаи заршӯии "Апрелевка" машғули кор буданд. Талош доранд ин хати навро дар ду сол ба кор дароранд. Инҳо ҳудуди 10 сол дар ин корхона кор мекунанд ва моҳонаи беш аз 2 ҳазор сомонӣ мегиранд. Дадомат Аъзамов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гоҳе моҳонаашонро бо таъхири 2-3 ҳафта ҳам мегиранд. Онҳо мегӯянд, ки мушкили пардохти маошашон акнун бартараф шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Касоне, ки маош талаб оё карданд "иғвогаранд"?
Бо таъхир додани маош дар корхонаи заршӯйии "Апрелевка" аз ҷониби маъмурият як чизи маъмулӣ арзёбӣ мешавад ва онро нигаронкунанда намеҳисобанд. Онҳоеро ҳам, ки садо баланд, кардаанд "иғвогар" мегӯянд.
Ихтиёр Рӯзибоев дар тӯли беш аз 10 соли кор дар ин корхона аз устои оддӣ то вазифаи сардори фабрикаи заршӯӣ расидааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маоши моҳи январ ба онҳо пардохта шудааст ва раҳбарияти корхона гуфтааст, ки моҳонаи моҳи февралро низ то Рӯзи Модарон пардохт хоҳанд кард.
"Ҳар сол одатан пардохти моҳона дар сари сол ба таъхир меафтод. Вале пардохт нашудани маоши 3-моҳа муболиға аст. Мо охири сол шартномаи чандин коргаронеро, ки қоидаҳои корро вайрон карданд ё вазифаи худро дуруст иҷро намекарданд ё бесабаб ба кор ҳозир намешуданд, дароз накардем, мумкин онҳо ҳамин хабарро паҳн карда бошанд".
Шикояти кормандон аз таъхир дар пардохти маош
Яке аз кормандон дар нимаи моҳи феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "масъулони ширкат ҳар рӯз ваъдаи маош мекунанд, аммо ҳеҷ не ки музди корро бидиҳанд. Аксар кормандон аз бонкҳо қарздор шудаанд, чун барои харҷи ниёзҳои рузмараи рӯзгор аз ҷумла хариди хӯрок аз бонкҳо қарз гирифтанд."
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, борҳо бо ҳамкоронаш дар назди идораи марказии корхона ҷамъ омада, талаби пардохти маош ва шарҳ додани сабаби таъхир дар пардохти онро карданд. Аммо ба гуфтаи ӯ дар посух ба онҳо таҳдид кардаанд, ки агар намехоҳанд, корро тарк кунанд, "чун коргар бисёр аст."
"Маош талаб кунем ба мо мегӯянд, ба касе маъқул нест, аз кор равад коргар бисёр",-нақл кард, ҳамсӯҳбати мо. Айни чунин шикоятро се кормандони дигари корхонаи истихроҷи тилло ба Радиои Озодӣ баён карда буданд. Ба гуфтаи ин кормандон, посбонҳову фаррошон дар корхона 400-500 сомонӣ ва ронандагони мошинҳои боркаш тақрибан 1500 сомонӣ маош мегиранд.
"Апрелевка" шабонарӯзӣ фаъолият мекунад
Дар корхонаи "Апрелевка" коргарон бо режими шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Вижагии "Апрелевка" аз корхонаҳои дигари муштарак дар Тоҷикистон он аст, ки дар ин корхона ягон нафар аз ҷониби саҳмиядори Канада кор намекунад. Тамоми коргарону мутахассисон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Маоши миёнаи онҳо аз сӯи масъулони ширкат 2 ҳазору 760 сомонӣ гуфта мешавад, аммо бархе коргарон ҳаҷми моҳонаи худро хеле камтар мегӯянд.
Корхонаи муштараки "Апрелевка" аз ангуштшумор корхонаҳои дорои иқтидори бузурги истеҳсолӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар тӯли фаъолияташ аз кор намондааст ва ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Вале Бахтиёр Маҷидов, мудири кулли ин корхона мегӯяд, аз ҳозир дар фикри идомаи кори корхона дар ояндаанд.
"Апрелевка" -- калонтарин корхонаи истеҳсолӣ дар Тоҷикистон
"Апрелевка" аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва дар як шабонарӯз то 900 тонна ва солона то 300 ҳазор тонна маъдани дорои нуқраву тиллоро коркард мекунад. Бар пояи маълумоти расмӣ, ин корхона аз соли 2002 то кунун ба маблағи беш аз 1.4 миллиард сомонӣ мол тавлид карда, ба буҷаи давлат 270 миллион сомонӣ андоз додааст. Дар шаҳраки Консой наздики он 6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд ва барои бештари онҳо "Апреловка" ҷои кор аст.
"Апрелевка" дар заминаи пойгоҳи иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктилло" соли 1996 таъсис шудааст. 49 дарсади саҳмияҳои он ба ширкати "Галф Интернешнл Минералз"-и Канада ва 51 дарсад ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дорад. Маҳсулоти асосӣ хўлаи тиллою нуқраи "Доре" мебошад, ки баъдан то тиллои аз ҷиҳати химиявӣ тозаи иёраш олитарин (999,9) расонида мешавад.
Дар ҳоли ҳозир низ корхона маъдани нуқраву тиллоро аз конҳои дур мекашонад. Наздиктарин кони бози зеризаминии он дар дурии 55 километр ҷойгир аст.
Чанд сол пеш дар заминаи "Апрелевка" дар шаҳраки Консой корхонаи заргарӣ низ таъсис шудааст, ки даҳҳо маҳсулоти худ аз нуқраву тиллои истеҳсоли Консой, умдатан ороишоти занона, мисли гӯшвору ҳалқа ва овезаҳоро ба бозор мебарорад.