"Апрелевка" мегӯяд, ки маоши коргаронро пардохт кардааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъулини фабрикаи заршӯии "Апрелевка" баъди нашри шикояти коргаронаш дар Радиои Озодӣ, иддао доранд, ки маоши коргаронро пурра пардохт кардаанд. "Апрелевка" ширкати муштараки Тоҷикистону Канада аст ва дар мавзеи Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд тилло истихроҷ мекунад.​ Шуморе аз коргарони ин ширкат дар моҳи феврал ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки 3 моҳ боз маоши худро дарёфт накардаанд. Дидори хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин фабрикаи заршӯйӣ нишон дод, ки гапҳо низ он қадар беасос набудаанд.