Сафари мақоми баландпояи аврупоӣ ба Тоҷикистон "лағв шуд"

Жан Асселборн

Сафари Жан Асселборн, вазири корҳои хориҷии Люксембург ва аз мақомҳои баландпояи аврупоӣ, ба Тоҷикистон лағв шудааст. Қарор буд, Асселборн рӯзҳои 3 ва 4-уми март аз Душанбе боздид ва бо мақомҳои кишвар мулоқот кунад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Люксембург рӯзи 3-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба сабаби "мушкили техникӣ дар ҳавопаймо" сафар лағв шудааст, вале аз ин бештар ҷузъиёт надод. Қаблан мақомоти Вазорати умури хориҷии Люксембург гуфта буданд, ки Жан Асселборн баъди боздид аз Тоҷикистон ба Узбекистону Покистон ҳам хоҳад рафт.

Ҳоло маълум нест, сафари вазири хориҷаи Люксембург танҳо ба Тоҷикистон лағв шудаст, ё боздидаш аз Узбекистону Покистон ҳам доир намешавад.

Ҳарчанд гуфта мешуд, сафари Жан Асселборн ба Душанбе муддатҳо пеш тарҳрезӣ шудааст, тасмими рафтани ӯ ба замоне рост омад, ки Шарофиддин Гадоев, яке аз мунтақидони ҳукумат ва паноҳандаи сиёсӣ дар Ҳолланд ба таври мармуз дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ бо хоҳиши худ ба ватан баргашт ва "аз кардаҳои худ пушаймон шудааст", вале мухолифон иддао доштанд, ки ӯ дар Маскав рабуда шуда, зӯран ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Бисёриҳо тахмин мезаданд, ки Асселборн масъалаи Гадоевро ҳам бо мақомоти тоҷик матраҳ хоҳад кард.

Аммо тасодуфист ё чизи дигар, лағви сафари Жан Асселборн ба бозгашти Шарофиддин Гадоев аз Тоҷикистон ба Аврупо рост омад. Гадоев рӯзи дувуми март аз Душанбе ба Франкфурти Олмон расид.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Люксембург дар мавриди рабт доштани тасмими сафари Асселборн ба Тоҷикистон ва лағви онро ба қазияи Шарофиддин Гадоев шарҳ надодааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳам, ки қаблан дар бораи сафари Асселборн хабари расмӣ нашр карда буд, ҳоло дар бораи лағви он чизе нагуфтааст.

Тоҷикистону Люксембург аз соли 1992 робитаҳои дипломатӣ доранд. Сафари вазири корҳои хорҷиии Люксембург ба Тоҷикистон танҳо як дафъа, моҳи июли соли 2010, сурат гирифтааст.

Кишварҳои аврупоӣ солҳо боз барои ба по рост шудани иқтисоди Тоҷикистон ва бахши кишоварзиву низомии он кумак мекунанд, вале дар иваз мехоҳанд ҳуқуқи башар, озодии баёну виҷдон риоя шавад.