Тоҷикистон аз Аврупо барои маҳсулоташ имтиёз хост

Тоҷикистон барои ворид кардани молу маҳсулоташ ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, шароити имтиёзнок хостааст.

Иттиҳодияи Аврупо дар иваз аз Душанбе тақозо кардааст, ки номгӯи 27 санади байналмилалиро ба тасвиб расонад, ки бахши умдаи онҳо ба мурооти ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон ва баён рабт дорад. Ҳоло суол ин аст, ки то куҷо Тоҷикистон омода мешавад, ки бар ивази имтиёзҳои нави иқтисодӣ дар масоили ҳуқуқи инсон ислоҳоте ҷорӣ кунад.

Моликони ширкатҳои истеҳсоли меваи хушк дар Тоҷикистон мегӯянд, сифат ва маззаи маҳсулоти онҳо метавонад дар бозори аврупоӣ рақобатпазир бошад.

Душанбе ба Брюссел дархост фиристода гуфтааст, ки мехоҳад ширкатдори "Барномаи Иттиҳодияи Аврупо оид ба ҳавасмандгардонии махсус баҳри рушди устувор" (GSP+) бошад. Дар сурати шомил шудан ба ин барнома, беш аз 6600 номгӯи маҳсулот бидуни пардохти боҷ метавонад вориди бозори Аврупо шавад.

Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба ин дархости Тоҷикистон вокуниш карда, коршиносонашро ба Душанбе фиристод, то чигунагии шароити шомилшавии кишварро ба ин барнома шарҳ бидиҳанд.

Шартҳои Аврупо барои шомил шудан ин барнома

Аммо мақомдорони Иттиҳоди Аврупо чанд сол пеш ба Душанбе гуфтанд, ки қабл аз боз шудани дарҳои бозори наздики сӣ кишвари узви иттиҳод, Тоҷикистон бояд барои ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар ӯҳдадориҳои нав супорад.

Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии ИА. Акс аз бойгонӣ.

Кинга Малиновска, як масъули робита ба ҷомеаи Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишварҳое, ки мехоҳанд "шомили ин барнома шаванд, бояд 27 конвенсия ё эъломияро ба тасвиб расонанд".

Санадҳое, ки Иттиҳодия Аврупо шарт гузоштааст кишварҳо қабл аз шомил шуданба барномаи GSP+ тасвиб кунад, аз ҷумла конвенсияи манъи истифодаи шиканҷа ва наслкушӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ҳимояи озодии баён ва гирдиҳамоӣ, ҳуқуқ ба мурофеаҳои додгоҳии одилона, мустақилияти додгоҳӣ ва дигар бахшҳоро дар назар мегирад. Кинга Малиновска гуфт, ки барои роҳкушоӣ ба бозори Аврупо, Тоҷикистон бояд ин санадҳоро ба тасвиб расонда, ӯҳдадор шавад, ки мувофиқ ба талаботи он амал хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон чанд соли охир маҳз ба хотири мушкил дар бахши озодиҳои динӣ, истифодаи шиканҷа ҳангоми бозпурсии гумонбарон, адами додгоҳҳои мустақил, фишор болои озодии баён ва зиндониҳои сиёсӣ танқид мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин бахшҳо ҳеҷ мушкиле надоранд ва қонунҳои кишвар озодиҳоро кафолат медиҳад.

"Масъалаи ҳуқуқи инсон чӣ мешавад?"

Вале дипломатҳои хориҷӣ мегӯянд, ки мавзӯи ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башари ин кишвар аз масоили матраҳ дар робита бо Тоҷикистон аст ва дер ё зуд, зарурати ҷорӣ шудани ислоҳот дар ин бахш пеш хоҳад омад. Ҳидоят Бишчевич, сафири собиқи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати ошкоро бо хабарнигорон соли 2017 гуфта буд, ҳар гоҳе ӯ дар порлумони Иттиҳодияи Аврупо барои Тоҷикистон имтиёз ва ё грант дархост мекунад, ҳатман ду ва ё се вакил садо баланд карда, "масъалаи ҳуқуқи инсон чӣ мешавад?" мепурсанд.

Дипломати аврупоӣ он замон гуфта буд, ки ҳолатҳои зиёде шудааст, ки маҳз ба хотири мушкилот дар бахши озодиҳои сиёсӣ ё ҳуқуқи башар, Тоҷикистон аз кӯмакҳои молии Иттиҳоди Аврупо маҳрум шудааст.

Мерилин Ёзефсон, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон.

Иттиҳодияи Аврупо ба нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми Тоҷикистон миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ як ҳайати коршиносони худро ба Душанбе фиристод. Аммо Аврупо дар иваз ба Тоҷикистон бори дигар дар бораи риояи ҳуқуқи инсон ёдовар шуд. Ҳоло пурсиши асосӣ ин аст, ки то куҷо мақомоти Тоҷикистон омода мешаванд, ки бар ивази имтиёзҳои иқтисодиву молӣ ва дурнамои пешрафти вазъи иқтисодӣ, даст ба ислоҳоти барои онҳо начандон хушоянд зананд?

Мерилин Ёзефсон, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "Facebook" рӯзи 1-уми март навишт, ки давоми ду ҳафтаи охир ба омӯзиши содирот ва робитаҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон машғул буд.

"Медонед, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Аврупо шими мардонаву кӯдакона аст, ки дар соли 2017 дар ҳаҷми 14,3 миллион евро содир шудааст?...Як ҳайати боэътимоди коршиносон аз Иттиҳоди Аврупо ва Брюссел барои музокирот бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди GSP+ омаданд. Ин барнома воридоти бебоҷи беш аз 6600 номгӯи маҳсулот аз ҷумла меваи хушкро дар назар дорад", иброз доштааст Ёзефсон.

"Тоҷикистон омода нест"

Марат Мамадшоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ.

Марат Мамадшоев, як таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, "Тоҷикистон барои иҷрои он ҳуқуқу озодиҳое, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, омода нест. Чун номгӯи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон чандон зиёд нест ва фоидаи иқтисодие, ки ҳам эҳтимолан ба даст меояд, калон нест. Баъдан ҳукумати Тоҷикистон барои рақобати солими сиёсӣ ва имкон додан ба рақибони сиёсиаш дар дохил ҳозир нест. Матбуотро низ озод нахоҳад гузошт. Лекин эҳтимолан Тоҷикистон барои ба даст овардани имтиёз аз Аврупо барои тасвиб кардани чанд конвенсия ва баъзе ислоҳоти формалӣ иқдом кунад".

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тоҷик ба хотири манфиатҳои иқтисодии худ ва мардуми азиятшуда аз бекорӣ билохира рӯзе бояд ба хулосае бирасанд, ки аз кадом роҳ ҳаракат кунанд, то ки барои дастгирии иқтисоди дучори мушкил кӯмак шавад.

Тоҷикистон чӣ дода метавонад?

Вале дар сурати ин ки Тоҷикистон битавонад дарҳои бозорҳои Аврупоро барои молу маҳсулоти худ боз кунад, барои як бозори бекарони танзимшудаи молу маҳсулоти аврупоӣ чӣ пешниҳоде хоҳад кард?

Коршиносони умури иқтисодӣ мегӯянд, номгӯи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон чандон зиёд нест, вале ҳатто дар сурати имкони роҳ ёфтани онҳо ба бозори ғарбӣ, сектори хурду миёнаи бизнеси Тоҷикистон то андозае ҷон мегирад ва танҳо аз бозори Русияву Қазоқистон вобаста намешавад.

Меваи хушки Тоҷикистон дар хориҷа харидорони зиёд дорад.

Коршиносони соҳа мегӯянд, аз миёни маҳсулоти содиротӣ Тоҷикистон асосан ба содироти пахта, алюминий ва меваи хушк умед баста метавонад.

Моликони ширкатҳои истеҳсоли меваи хушк дар Тоҷикистон мегӯянд, сифат ва маззаи маҳсулоти онҳо метавонад дар бозори аврупоӣ рақобатпазир бошад. Аммо бе кӯмаки давлат ва шомил шудан ба барномаҳои имтиёзноки байнидавлатии мисли GSP+, дари бозорҳои Аврупо барои онҳо ҳанӯз пӯшида мемонад.

Алихон Тӯраев, як масъули ширкати "Баракат Исфара" рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳсулоти ширкати онҳо, аз ҷумла зардолуи хушк, снек ё ғизои зудхӯри таҳияшуда аз мева, сертификати байналмилалии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва органик таҳияшударо дорад.

"Ин сертификат дар тамоми ҷаҳон эътироф мешавад ва мо талош дорем маҳсулотамонро то ба Аврупо барем. Ба ин хотир бо як барномаи рушди савдои СММ ҳамкорӣ дорем",-афзуд ин тоҷири тоҷик. Тӯраев гуфт, дар сурати шомил шудани Тоҷикистон ба барномаи аврупоӣ, доманаи фаъолияти онҳо фарохтар мешавад.

Манучеҳр Насриддинов, масъули як ширкати "Оро- Исфара" мегӯяд, ширкати онҳо таҷрибаи содироти маҳсулот ба Ҳолланд ва Белгияро дорад ва эътироф мекунад, ки рақобат дар муқобили моли кишварҳои дигар, назири меваи хушки туркӣ хеле душвор аст.

"Бозори Аврупоро бештар Туркия бо меваҳои хушк таъмин мекунад. Сифати маҳсулоти мо аз Туркия камтар нест. Аммо барои мо боркашонӣ то ба Аврупо хеле гарон меафтад ва бинобар ин, то ба Аврупо нархи маҳсулоти мо гарон мешавад. Аммо Туркия бо роҳи обӣ борҳояшро мебарад, ки хеле арзонтар аст",-мегӯяд Манучеҳр Насриддинов.

GSP + барномае дар чаҳорчӯбаи "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳодияи Аврупо буда, барои кишварҳои даромадашон аз сатҳи миёна камтар пешбинӣ шудааст ва Тоҷикистон ҳам кишвари сатҳи даромадаш аз миёна камтар аст. Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо Қирғизистон шомили ин барнома аст ва моли истеҳсолкунандагони ин кишвар аз он баҳра мебаранд.

Як ҳамсӯҳбати мо аз ширкатҳои тавлиди меваи хушк гуфт, соҳибкорони қирғиз моли онҳоро харида, тамғаи Made in Kyrgyzstan мегузоранд ва роҳат Аврупо бурда, бо нархи дигар мефурӯшанд. Аммо чун дари бозорҳои Аврупо ба рӯи маҳсулоти Тоҷикистон ҳанӯз баста аст, тоҷирони тоҷик бештар ба бозори Русия тамаркуз кардаанд.