Таҷовуз ба номус дар 14-солагӣ, Севараро ангуштнамои мардум, одамгурезу гӯшанишин кард ва ба як духтари ноумед табдил дод. Севара Каримова имрӯз 18 сол дорад. Дар сине, ки аксар ҳамсолони ӯ барои шомил шудан ба донишгоҳ ва ё арӯсӣ омодагӣ мебинанду пайи амалӣ кардани орзуву нақшаҳои зиёданд, ин духтар мегӯяд, ягон орзу ё ҳадаф надорад. Таҷовуз ба номус дар наврасӣ, ба гуфтаи Севара, ӯро дар зиндагӣ ноумед кардааст. Севара Каримова чор сол аст, ки бо осеби амиқи равониву ахлоқӣ ба сар мебарад. Мегӯяд, то ҳол худро барои ҳодисаҳои чор соли пеш мазаммат мекунад ва айни замон эътироф мекунад, ки дар он лаҳзаҳои мудҳиш амалан барои ҳимояти худ коре карда натавонист.