Покистон мегӯяд, ду ҳавопаймои ҷангии Ҳиндро сарнагун кардааст

Тибқи тозатарин гузоришҳо, ду ҳавопаймои ҷангии Ҳинд аз сӯи нерӯҳои артиши Покистон дар минтақаи Кашмир, сарнагун карда шудаанд. Сухангӯи артиши Покистон гуфтааст, ки ду халабони ҳиндиро ба асорат гирифтанд. Мақомоти Исломобод ҳамзамон сарнагун шудани як ҳавопаймои ҷангии ин кишвар аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Ҳиндро радд карданд.

Генерал-майор Осиф Ғаффор, сухангӯи артиши Покистон рӯзи 27-уми феврал гуфтааст, яке аз ҳавопаймоҳои ҷангии Ҳинд дар қаламрави Кашмири зери назорати Ҳинд ва дигаре дар Кашмири Покистон, суқут кардааст.

Ҳинд ҳукумати Покистонро айбдор мекунад, ки аз ин гурӯҳҳои шӯришӣ дар Кашмир пуштибонӣ мекунад. Покистон ин гурӯҳҳоро "нерӯҳои муқовимат" меномад.

Хабаргузории "Рейтерз" ҳам ба нақл аз як манбаи пулис дар Кашмири зери назорати Ҳинд гуфтааст, ки ду халабон ва як фарди ғайримулкӣ дар даргириҳои рӯзи 27-уми феврал кушта шуданд. Мақомоти расмӣ дар Деҳлӣ то ба ҳол ба ин гузоришҳо вокуниш нишон надодаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса тафсилоти бештар дода нашудааст. Гузоришҳо ҳамзамон мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Ҳинд ҳавопаймоҳои Покистонро, ки хатти марзӣ дар Кашмирро убур карда буданд, пайгирӣ намуданд ва маҷбур ба ақибнишинӣ карданд. Расонаҳои Ҳинд навиштанд, ки нерӯҳои он кишвар як ҳавопаймои ҷангии Покистонро сарнагун кардаанд. Аммо Покистон ин хабарро радд кардааст.

Дар пайи боло гирифтани таниш, Покистон парвозҳо аз фурудгоҳҳои Исломобод, Лоҳур ва Пешоварро ба таври муваққатӣ қатъ кардааст. Мақомоти Ҳинд ҳам гуфтаанд, ки ҳадди ақал аз панҷ фурудгоҳи ин кишвар парвозҳо қатъ шудаанд.

Мақомоти Деҳлӣ субҳи рӯзи гузашта гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Ҳинд пойгоҳҳои ба гуфтаи онҳо "гурӯҳҳои террористӣ" дар минтақаҳои шимолии Покистонро бамборон карданд. Ба гуфтаи мақомоти Ҳинд, дар ин ҳамла беш аз 350 пайкорҷӯ кушта шуданд. Иддое, ки Исломобод онро радд кардааст.

Таниш миёни Ҳинд ва Покистон дар ҳоле вориди марҳилаи ниҳоят ҳассос шудааст, ки дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 14-уми феврал дар ноҳияи Пулвама, ки масъулияти онро гурӯҳи мазҳабии "Ҷайши Муҳаммад" -- пойгоҳаш дар Покистон аст, ба ӯҳда гирифт, 41 сарбози ҳиндӣ ҷон бохтанд.

Рӯзи 22-юми феврал вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҳушдор дод, ки вазъияти амниятӣ дар минтақа рӯ ба вахомат аст, зеро Ҳинд таҳдид ба истифода аз зӯр алайҳи Покистон мекунад. Оқои Қурайшӣ ва дигар мақомоти Покистон рӯзи сешанбеи 26-уми феврал дар вокуниш ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҳиндӣ гуфтанд, ки Исломобод дар фурсати муносиб ба ин ҳамлаҳо, посух хоҳад дод.

Ҳинд ва Покистон пас аз тақсимшавии нимҷазираи Ҳинду-Покистон, бар сари Кашмир чанд бор вориди набард шудаанд. Ҳинду Покистон дар соли 1947 ба ду кишвари мустақил ҷудо шуданд. Аз он замон то ба ҳол ин ду кишвари дорои аслиҳаи ҳастаӣ, дар душманӣ ба сар мебаранд. Аксари мардуми Покистонро мусалмонон ва аз Ҳиндро ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 миллион аз аҳолии Ҳинд мусалмонон мебошанд ва аксарияти аҳолии Кашмирро низ мусалмонон ташкил медиҳанд.

Аз соли 1989 ба ин тараф гурӯҳҳои ниманизомӣ дар Кашмири зери назорати Ҳинд, алайҳи ҳукумати он кишвар мубориза мебаранд. Дар ин муддат ҳудуди 70 ҳазор нафар кушта шудаааст. Ҳинд ҳукумати Покистонро айбдор мекунад, ки аз ин гурӯҳҳои шӯришӣ пуштибонӣ мекунад. Покистон ин гурӯҳҳоро "нерӯҳои муқовимат" меномад.