"Таксӣ" дар Ҳисор. На мошин, балки заврақ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони як русто дар ноҳияи Ҳисор ҳар рӯз бо заврақ рӯди Кофарниҳонро гузашта, худро ба Душанбе мерасонанд. Ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Вале мегӯянд, роҳи осон нест. Ҳар лаҳза эҳтимоли чаппа шудани заврақ ва ғарқшавӣ вуҷуд дорад.