Сокинони деҳаи Шерхонӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳар рӯз бо қаиқ рӯди Кофарниҳонро гузашта, худро ба Душанбе мерасонанд. Ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Аммо мегӯянд, роҳи осон нест, чун ҳар лаҳза эҳтимоли чаппа шудани заврақ ва ғарқшавӣ вуҷуд дорад.
Рости гап, ҳар сол дар дарё як ё ду нафар ғарқ мешавад. Соли гузашта оилаам ҳамроҳ бо 11 нафар, аз ҷумла духтару бачаам ба дарё афтода, бо азобе баромаданд
"Таксӣ" - заврақ
Сафармурод Файзуллоев, сокини деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисор, ҳабдаҳ сол боз мусофиркашонӣ мекунад. Вале на бо мошин, балки бо заврақ.
Мардуми корафтодаи деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисорро, ки ҳамагӣ дар 10-километрии марзи ҷанубу ғарби Душанбе ҷойгир аст, қаблан бо заврақи чӯбӣ ва ҳоло бо қаиқи резинӣ аз як соҳил ба соҳили дигар мерасонад. Кори Сафармурод шабонарӯзӣ аст.
"Мусофиркашонӣ бо заврақ махсусан дар рӯзҳои серобии дарё хеле пурхатар аст", - гуфт ӯ рӯзи 26-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пул хароб шуд, роҳ нест
Роҳи наздиктарини 500 сокини деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисор, ба қавле сӯи "ободӣ", аз болои рӯди Кофарниҳон ба воситаи заврақ аст. Қаблан дар ин минтақа як пули пиёдагард буд, ки селоб онро хароб кард.
Ин деҳа то маркази ноҳияи Ҳисор роҳи мошингард дорад. Вале барои ба Душанбе рафтан ба ҷойи 10 километр роҳ бояд 35 километр то маркази ноҳия рафт ва тақрибан 20 километри дигар аз Ҳисор то Душанбе тай кард.
Ҳикматуллоҳ Шарифов, сокини деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисор мегӯяд, "роҳ дур аст аст. Аз он тараф бо таксӣ биоӣ, барои як нафар то 50-60 сомонӣ харҷ дорад. Тавассути қаиқ равӣ, ҳам наздик ва ҳам арзон аст. Рафту баргашт се сомонӣ мешавад. Вале бовар кунед, ҷони мардум дар азоб аст."
"Ҳар сол дар дарё як ё ду нафар ғарқ мешавад"
Деҳаи Шерхонӣ мактаби нӯҳсола дорад. Адами пул ва роҳ ба он сӯи рӯдхонаи Кофарниҳон ва мактабҳои деҳаи ҳамсоя кӯдакони Шерхониро маҷбур кардааст, ки аксарият баъди хатми синфи 9 дигар таҳсил накунанд. Зеро волидон таваккал намекунанд, ки фарзандонашон ҳар рӯз аз болои дарёи сероб бо қаиқ равуо кунанд.
Саидаъзам Азизов, муовини раиси маҳаллаи Шерхонӣ, гуфт, "мушкили мо ҳамин аст, ки тақрибан чаҳорсад хонанда пас аз хатми синфи 9 дигар ба таҳсил идома надоданд. Рости гап, ҳар сол дар дарё як ё ду нафар ғарқ мешавад. Соли гузашта оилаам ҳамроҳ бо 11 нафар, аз ҷумла духтару бачаам ба дарё афтода, бо азобе баромаданд."
Маҳз ҳамин роҳи пурхатар, афсари собиқи милисаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва сокини деҳаи Шерхониро барои якумрӣ маъюб кард. Маҳмадзиё Муъминов барои адои вазифа дар идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ маҷбур буд, ҳар рӯз ду-се дафъа, баъзан шабона, бо қаиқ дарёро убур кунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Арӯси тоҷикро бо заврақ ба хонаи шавҳар мебаранд. ВИДЕОВале як дафъа дар ҳавои сард қаиқ сарозер шуд ва ба сиҳатии ӯ осеби ҷиддӣ расид.
Акси садое нашуниданд
Сокинони деҳаи Шерхонӣ чанд дафъа ба мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд. Вале то кунун натиҷае нест.
Онҳо мегӯянд, барои он ки сокинони ин деҳаро ба "ободӣ" наздик кунанд, фарзандонашонро аз вартаи бесаводӣ бароранд ва роҳашонро ба сӯи оянда боз намоянд, танҳо як пул зарур аст. Ин пул метавонад шерхониҳоро барои ҳамеша аз хатари ҳаррӯзаи ғарқшавӣ раҳо кунад.