Ҳашт соли зиндон ба модари гумонбар дар сӯзанзании кӯдак

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми ҷой кардани сездаҳ сӯзан дар бадани тифлаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд. Муҳайё Ёқубова то замони ба иҷро даромадани ҳукм ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ хоҳад буд. Даҳ рӯз фурсат дорад, то аз рӯи ҳукм шикоят кунад.