Афзоиши пулҳои фарсуда дар Кӯлоб "ҷанҷол" меофаранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Кӯлоб пули зиёди фарсуда дар гардиш аст, ки баъзан мояи баҳс ва ҷанҷоли фурӯшандаву харидор мешавад.

Мақомот мегӯянд, соли гузашта ба хазинаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар Кӯлоб беш аз 13 миллион сомонӣ пули фарсуда ворид шуда, дар иваз пулҳои нав ба муомилот баромад. Аммо ҳанӯз ҳам пулҳои фарсуда дар дасти мардум мегарданд.