Чӣ гуна Мовароуннаҳр исломӣ шуд? (Реги Омӯ, бахши 2) ВИДЕО

Дар суҳбати гузашта аз вазъи Мовароуннаҳр, таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии он то зуҳури ислом сухан гуфта будем. Дар ин суҳбат мехоҳем аз нахустин ҳамлаҳои лашкариёни арабӣ-исломӣ ба Ховари Миёна то ҳокимияти комили исломӣ-арабӣ бар ин минтақа сухан бигӯем.

Мардуми бумӣ аксаран эронизабон ва эронитабор буданд, аммо тобеи давлати Эрон набуданд.

Арабҳо ва ислом дар Мовароуннаҳр

Арабҳо ибтидо Эронро тасарруф карданд ва дертар аз роҳи Хуросон ба он сӯи Омударё, яъне Узбекистон ва Тоҷикистони кунунӣ ва ҳамчунин Хоразм ҳамлавар шуданд.

Онҳо даҳ сол пас аз набарди Наҳованд (642-и мелодӣ) ва пирӯзӣ бар Эрон, ба Омударё расида буданд. Маркази Хуросон, Марв, дар соли 651 суқут карда буд, аммо то тасхири он сӯи Омударё, яъне Мовароуннаҳр, дастикам панҷоҳ сол ва то тасхири бахше аз даштҳои АвруОсиё, яъне Қазоқистон ва Қирғизистони кунунӣ, дар соли 751 ҳудудан сад соли дигар монда буд. Имрӯз ин сарзаминҳо ҳошияи ислом дар АвруОсиё маҳсуб мешаванд.

Тасхири императории паҳновару қудратманди Сосонӣ барои арабҳо беш аз даҳ сол тӯл накашид. Аммо тақрибан панҷоҳ сол тӯл кашид, то арабҳо назорати нисбатан комили худро бар Мовароуннаҳр барқарор кунанд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чӣ гуна Мовароуннаҳр исломӣ шуд? (Реги Омӯ, бахши 2)

Аз ду ҷониби ҷануб ва шимол, Омударё ва Сирдарё ва дар миёни он ду рӯдхона, рӯди Зарафшон ва дигар рӯдҳои кӯчактар, Мовароуннаҳрро барои кишоварзӣ пурбаракат намуда ва тиҷорат, бавижа тиҷорати абрешим миёни Чин ва Эрон, мардуми онро тоҷир, осуда ва ҳушёр бор оварда буд.

Мовароуннаҳр агарчи бамаротиб кӯчактар аз Эрон буд, аз бисёр ҷиҳат аз Эрони Сосонӣ фарқ мекард. Ҷангҷӯён ва фармондеҳони араб муддатҳо дар Марв ҷойгир буданд ва танҳо барои ғорат, ғанимати ҷангӣ ва гирифтани боҷ аз Омударё гузашта, ба Мовароуннаҳр ҳамла мекарданд ва сипас ба Хуросон бозмегаштанд.

Дар ибтидо "ин нахустин футуҳот чизе бештар аз ҳуҷумҳои ғоратгарона дар сатҳе густарда набудааст…" (Гиб, 15). Ин "ибтидо", ки асосан бо ғорати Мовароуннаҳр ва гирифтани боҷу ғанимат ва асир аз мардуми ин сарзамин гузашт, наздик ба чиҳил-панҷоҳ сол тӯл кашид. Дар ин муддат ҳузури низомии арабҳо дар Хуросон асосан маҳдуд ба подгоне дар Марви Хуросон буд, аммо ҳокимон, яъне фармондорони халифа, ҳар сол лашкариёне барои ҳуҷум ва ғорати навоҳии шарқии Эрон ба ин минтақа мефиристоданд (Кенедӣ, 236-237).

Шояд як далели муҳим дар таърихи фатҳи Мовароуннаҳр дар он буд, ки ҳатто пеш аз омадани арабҳо Мовароуннаҳр на худ соҳиби давлати воҳиду қудратманде буд ва на тобеи Эрон ва ё давлати бузургу муҳими дигаре буд. Мардуми бумӣ аксаран эронизабон ва эронитабор буданд, аммо тобеи давлати Эрон набуданд. Ашроф ва фармондорони шаҳрҳои гуногуни ин сарзамин, ки тибқи бархе ривоятҳо ҳатто хешу табори ҳамдигар буданд, ағлаб мустақилона ва ҳатто дар рақобат бо ҳамдигар амал мекарданд. Мовароуннаҳр давлате марказӣ ва қудратманд надошт ва табиатан артише ҳам дар миён набуд, ки аз кулли Мовароуннаҳр ҳамчун давлате якпорча дифоъ кунад.

Аммо бавижа ҳузури ҷангҷӯёни тирандоз, бебок ва бераҳми турк, ки аксари онҳо аз сарзаминҳои шимол ба Мовароуннаҳр ҳамла мекарданд ва ҳамчун дастаҳои мухталиф ва ҷудогона дар ноҳияҳои гуногун амал менамуданд, аз фарқҳои муҳим миёни Эрон ва Мовароуннаҳр буд. Ашроф ва шахсиятҳои бонуфузи бумӣ ва эронитабор низ ағлаб ҳангоме ки дар тангнои ҳамлаҳои арабҳо қарор мегирифтанд, ҷангҷӯёни туркро ба дифоъ аз шаҳрҳо ва мавзеъҳои худ даъват менамуданд. Табиист, ки ин иқдомоти нигаҳбонӣ ва ҷангҷӯии туркҳо низ беподош набуд. Туркҳо батадриҷ аз фурсат истифода карда, нуфуз ва қудрати худро дар минтақа мустаҳкам мекарданд.

Босвурс менависад, ки бо дар назар гирифтани "парокандагии сиёсии ҳокимият дар Мовароуннаҳр ва вуҷуди давлатшаҳрҳо ва шоҳзоданишинҳои кӯчак дар ин минтақа ва дар давраи пеш аз силсилаи Сомониён, бароҳатӣ метавон тасаввур намуд, ки бисёре аз ин ҷангҷӯёни ҳирфаии турк ағлаб сарбозони муздуре буданд, ки аз даштҳо омада, дар хидмати фармондорон ва ашрофи маҳаллии Суғд қарор гирифта буданд." (Босвурс 2, 215).

Табиатан чанд омиле дар миёни худи арабҳои ҳамлавар ҳам мавҷуд буд, ки пешрафти онҳоро ба он сӯи Омударё кундтар мекард. Дурии Мовароуннаҳр аз сарзамини аслии онҳо, ба истилоҳ "сер шудан" ва хастагии қабоили араб, ки барои ҳамла ба чаҳор сӯи императории навпои исломӣ фиристода мешуданд ва ё довталаби ин кор мегаштанд, кашокаш ва ҳатто гоҳ ҷанг миёни ин қабоили муҳоҷим, ва ҳамчунин коҳиши шонси ғаниматҳои ҷангӣ низ эҳтимолан нақши қобили таваҷҷуҳе дар таҳаввулоти Хуросон ва Мовароуннаҳр доштаанд. Бартолд менависад: "…Шакке нест, ки ангезаи аслии фотеҳин (-и араб) орзуи ба даст овардани ғанимат ва шуҳрат буда ва дин барои онон ҳамон қадр камаҳамият буда, ки барои мудофеини (бумии) ин сарзаминҳо" (Бартолд, 183). Дар тавзеҳе дигар, Бартолд оҳистагии фатҳи Мовароуннаҳрро ба ду омил марбут мешуморад: «...Аввалан, худро арабҳо барои муддате тӯлонӣ бо ғаниматҳои ҷангӣ ва гирифтани боҷу хироҷ (аз куффор, -м) розӣ буданд ва ба ҳамин ҷиҳат барномаи фатҳи комили ин сарзаминро ҳам надоштанд ва сониян, мавонеи табиии ин сарзамин монеъ аз суръати фатҳи он мешуд» (Бартолд, 182). Аксари таърихнигорон назари мушобеҳе доранд.

Барои нахустин бор, сардори араб Рабеъ ибни Зиёд ал-Ҳорисӣ, ки ҳам дар давраи хулафои рошидин ва ҳам Уммавиён дар футуҳоти арабҳо ширкат карда буд, пас фатҳи пуркуштори Систон дар замони хилофати Умар ҳокими Хуросон гардид ва ба ҳамлаҳои зоҳиран барномарезишудатаре барои таҳкими қудрати арабӣ-исломӣ дар Хуросон ва густариши он ба Мовароуннаҳр шурӯъ намуд. Ӯ аз ҷумла чанд нуқтаи муҳими ин сӯи Омударё ва ба ривояте ҳатто Хоразмро тасхир кард ва бо ин тартиб дастикам муваққатан қодир ба таҳкими нисбии ҳокимияти арабҳо бар минтақа гардид.

Аббос Ҷаводӣ

Рабеи Ҳорисӣ ба таври ҳамзамон сиёсати муназзамтаре барои афзоиши теъдоди арабҳо дар Хуросонро дар пеш гирифт ва аз ҷумла ба манзури назорати беҳтари Хуросон, «панҷоҳ ҳазор ҷангҷӯи арабро ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон аз Басра ва Куфа оварда, дар Хуросон ҷобаҷо намуд. Ин кӯч мутобиқ бо равиши маъмули вақт миёни арабҳо анҷом гирифт ва ин идда дар панҷ шаҳре, ки подгонҳои низомии арабҳо дар онҷо мустақар шуда буд, искон ёфтанд. Ин иқдом ҳадафе дугона дошт: тазмини футуҳоти бадастомада ва таъмини нерӯи инсонӣ барои густариши бештари футуҳот» (Гиб, 17).

Ба назари Кенедӣ, «баъид нест, ки теъдоди арабҳое, ки ба Марв ва дигар шаҳрҳои кӯчаки Хуросони он давра кӯч карданд, бештар аз теъдоди арабҳое буда бошад, ки ба кулли Эрон омада буданд. Онҳо ташнаи сарват ва оканда аз ҳирсу ҳавас буданд. Ҳастаи аслии лашкариёни исломро ҳам, ки қарор буд ба Мовароуннаҳр ҳамлавар шаванд, ҳамин арабҳо ташкил медоданд» (Кенедӣ, 237)

Муқовимати подшоҳони маҳаллии кӯчак ва бузург, фармондорон ва шахсиятҳои эронитабори Мовароуннаҳр ва ҳамалоти қабоили турк чандин сол арабҳоро аз тасаллути комил бар ин минтақа маҳрум намуд, то ин ки сиёсатҳои халифаҳои араб, бавижа баъдҳо бо рӯи кор омадани Аббосиён ба ҷои Уммавиён нармтару фарогиртар шуд ва аз ҷумла пас аз кашокашҳои бисёр навмусалмонон батадриҷ аз пардохти «ҷизя» ва хироҷи изофӣ ва хатари асир гирифта шудан, ки пайваста ғайри мусалмонон ва ҳатто навмусалмононро таҳдид менамуд, озод шуданд.

Таърихнигорони араб фатҳи Пайкандро на ҳамчун як фоҷеи инсонӣ, балки ба унвони манбаи ғорат ва касби сарват ба сабт расонидаанд.

Ҷангҳои дохилӣ миёни қабоили араб, шӯришҳои зидди хилофати Уммавиён ва худсариҳои бархе ҳокимини араб дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар авоили солҳои 700-и милодӣ дар сартосари императории араб мушоҳида мешуд. Ин ҳам ба яке аз далелҳои аслии пешрафти кунди лашкариёни уммавӣ дар Мовароуннаҳр табдил шуда буд. Дар ин шароити муносиб барои сарпечӣ аз ҳокимони араб, маликони маҳаллии Мовароуннаҳр, монанди Тархуни Самарқанд ва ҳокимони бумии шаҳрҳои дигар, монанди Бухоро ва Хоразм, мутақилтару бепарвотар аз гузашта гаштанд ва ҳатто ба умеди кумак ва мудохилаи Чин дар муқобили дастандозии уммавиён, сафироне ба Пекин фиристоданд. Аммо агарчи Чин зоҳиран барои худ ҳаққи ҳокимияте бар Осиёи Миёна қоил буд, ин кӯшишҳои подшоҳони маҳаллии Мовароуннаҳр натиҷае надоданд.

Қутайба, "қоидалислом"

Бо эъзоми Қутайба ибни Муслим ал-Боҳонӣ ба унвони ҳоким ва ё вилоятдори нави «Хуросон ва Машриқ», он ҳолати рукуд дар густариши ҳокимияти исломӣ-арабӣ муваққатан дигаргун гашт. Қутайба даҳ сол, миёни солҳои 705 то 715-и милодӣ бар ин манотиқи шарқии хилофат ҳукм ронд. Дар ин муддат ҳокимияти арабӣ дар бахши бузурге аз Мовароуннаҳр мустақар шуд. Аммо ин густариши ҳокимият бо таблиғоти динӣ ба даст наёмад, балки бо хунрезӣ ва бераҳмии бемонанде ҳосил шуд, ки мардуми ин сарзамин аз ҳеч ҳокими араби дигаре ба худ надида буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Реги Омӯ. 300 соли нахусти ислом дар Мовароуннаҳр. ВИДЕО

Қутайба Пайканд, шаҳри тоҷирони Суғд, дар наздикии Бухоро (Узбекистони кунунӣ) ва худи Бухороро дар солҳои 706-709-и милодӣ тасарруф намуда, онро ғорат кард ва мардумашро асир гирифт. Ӯ дар ҷараёни тасхири Пайканд тамоми муҳофизон ва мудофеони шаҳрро ба қатл расонид ва наздик ба ҳамаи зану кӯдаконро асир гирифт. Ӯ Самарқандро чаҳор сол дар муҳосира нигаҳ дошт ва вақте вориди шаҳр шуд, сию нуҳ ҳазор нафарро асир гирифт (Старр, 110). Яке аз фармондеҳони Қутайба ҳамаи сарбозони як маҳаллаи мағлубро ба салиб кашид ва фармондеҳи дигараш ҳамаи ҷангҷӯёни тарафи мағлубро лухту урён карда, ба марг раҳо намуд (Фрай, 95). Яке аз вилоятдорони араб дар Хуросон вазъи куллии он солҳо ва рафтори лашкариёни арабро чунин хулоса намуд, ки «танҳо бо шамшеру шаллоқ» метавон бар ин сарзамин ҳукумат кард (Бартолд ба нақл аз Табарӣ, 188).

Таърихнигорони араб фатҳи Пайкандро на ҳамчун як фоҷеи инсонӣ, балки ба унвони манбаи ғорат ва касби сарват ба сабт расонидаанд. Як асири пайкандӣ кӯшиш кард бо пардохти панҷ ҳазор порчаи абрешими чинӣ ба қимати як миллион дирҳам озодии худро бозхарид кунад. Арабҳо дар як ибодатгоҳи буддоӣ муҷассамае нуқраӣ ба вазни чаҳор ҳазор дирҳам ва ғаниматҳои дигаре аз қабили ду марворид ёфтанд, ки ҳар кадом «ба андозаи тухми кабӯтар» буд. Қутайба марворидҳоро ба унвони туҳфа ба раиси худ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, волии Ҳиҷоз ва Ироқ, фиристод. Бахши бузурге аз ғанимати нуқра низ об карда шуда, ба сурати сикка даромад, то ҳамчун подош миёни ҷангҷӯёни араб тақсим шавад (Кенедӣ ба нақл аз Табарӣ, 159). Баъд аз ин таҳоҷум Пайканд дигар ҳаргиз ба худ наёмад.

Қутайба дар роҳи густариши хилофати уммавӣ, ҳам аз бераҳмӣ кор гирифт ва ҳам аз душманӣ ва кашокаш миёни подшоҳони маҳаллӣ зиракона ба суди худ истифода кард, то ҷое ки масалан дар соли 705-и милодӣ фармонраво ва ё «чағонхудойи» як ноҳияи Чағониён (Сурхондарё ва Тирмиз дар Узбекистон ва Тоҷикистону Афғонистони кунунӣ) аз чағонхудойи дигаре ба Қутайба шикоят мебурд ва Қутайба ихтилофи ду фармонравои маҳаллиро дар ниҳоят ба нафъи худ ҳал менамуд. Дар намунае дигар, Қутайба дар соли 712-и милодӣ барои ҳимоят аз Хоразмшоҳ дар муқобили бародараш «Хуразод» ва «деҳқонҳо», яъне ашрофи рустоӣ ва эронитабори маҳал ба Хоразм ҳамла кард ва онро вайрон намуд. Дар ҳамон сол Қутайба ба Самарқанд ҳуҷум бурд ва дар ин ҳамла бухороиён ва хоразмиён ба вай кумак намуданд, то ҷое ки «ихшед» (подшоҳ)-и Суғд ба номи Ғӯрак ба Қутайба эътироз карда, гуфт, ки ин фармондеҳи араб «танҳо бо кумаки бародарон ва ҳамқавмони мовароуннаҳрии ӯ ба душман аст, ки дар ҳоли касби пирӯзӣ аст» (Бартолд, 185).

Дар охирҳои соли 712-и мелодӣ, ки Қутайба ҳокими Хуросон ва Мовароуннаҳр буд, гурӯҳе аз қабоили турки «тургеш» бо даъвати мардуми бумӣ ва суғдии Самарқанд ин шаҳрро ишғол карданд, то монеи вуруди арабҳо ба ин муҳимтарин шаҳри Мовароуннаҳр шаванд (худи мардуми бумии Самарқанд нерӯи низомӣ надоштанд). Аммо дар соли 713-и мелодӣ Қутайба туркҳоро маҷбур ба тарки Самарқанд намуд. Туркҳо ҳатто натавонистанд аз пешравии арабҳо ба Чоч (Шош ва ё Тошканди кунунӣ) ва Фарғона (миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистони кунунӣ) пешгирӣ кунанд.

Бо вуҷуди пирӯзиҳои бузурги Қутайба, ки ҳамчун «қоидулислом» ва «фотеҳи Мовароуннаҳр» маъруф шуда буд ва бо вуҷуди ғаниматҳои фаровоне, ки ӯ аз фатҳу ғорати ин сарзамини сарватманд насиби арабҳо намуд ва ба Димишқ фиристод, худи Қутайба натавонист баҳраи чандоне аз ин кушоишҳо ва ғаниматҳо бибарад.

Дар соли 715-и мелодӣ Қутайба кӯшиш намуд, то шӯрише бар зидди халифаи уммавӣ, Сулаймон, барпо кунад, аммо ҳамаи атрофиёнаш шӯрида, ӯро ба қатл расониданд. Қабри Қутайба имрӯза дар наздикии шаҳри Андиҷон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон қарор дорад.

Беш аз панҷоҳ сол аз тасарруфи Хуросон ба дасти арабҳо мегузашт, аммо онҳо ҳанӯз натавониста буданд Мовароуннаҳрро тасхир кунанд. Урдугоҳҳои низомии онҳо пайваста зери хатари ҳамлаи туркони тирандоз қарор дошт. Ҳар гоҳ арабҳо аз қароргоҳи худ ба сӯи Хуросон ақибнишинӣ мекарданд, мардум ва шоҳони бумию маҳаллии Мовароуннаҳр аз итоати онҳо ва пардохти боҷу хироҷ сарпечӣ менамуданд. Аксари онҳо ҳанӯз пайрави дину мазҳаби худ, яъне ойинҳои Зардушт ё Будо буданд. Туркҳо ҳанӯз шомонбовар буданд ва бо вуҷуди ҳамлаҳои пайдарпайи арабҳо танҳо теъдоди каме аз мардум ҳозир шуда буд дини нави исломро бипазирад ва бо ақабнишинии арабҳо ба дини аслии худ барнагардад.

Дар ин шароит оё мардуми бумии Мовароуннаҳр метавонистанд чашминтизори ёрии туркҳои мусаллаҳ шаванд?

(Дар ин суҳбат то кунун панҷоҳ соли нахусти ҳамлаҳо ва ҳокимияти нисбии арабҳоро бар Мовароуннаҳр тавзеҳ додем. Дар суҳбати баъдӣ ва севуми ин силсилагуфтор дар бораи тасхири ниҳоӣ ва комили ин минтақа аз сӯи арабҳо ва шомил шудани он ба хилофати исломии Аббосиён сухан хоҳем гуфт)

Манбаъҳое, ки дар силсилабарномаи Реги Ому истифода шудааст