Дар Хатлон ба духтарон шеваи бизнес аз хонаро ёд медиҳанд. ВИДЕО

"Гӯшаи амрикоӣ" дар шаҳри Бохтар ба 60 тан аз духтарону занон давоми 6 моҳ истифодаи компютер ва интернетро меомӯзонад ва мехоҳад онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд ва аз он баҳра баранд.

Бештари ин духтарон ва занон аз деҳоти дурдасти Хатлонанд ва бори аввал пушти дастгоҳи компютер менишинанд. Барои заноне, ки мехостанд кор бо комютерро ёд бигиранд, ҳоло имконияти хуб пайдо шудааст ва онҳо ройгон онро аз худ мекунанд. Барномаи "Омӯзиши технологияи иттилоотӣ барои духтарон ва занони хонанишин" аз сӯи сафорати Амрико пуштибонии молӣ мешавад.

Яке аз ширкатдорон гуфт, бо истифода аз интернет чунин як имконият ба даст меояд, ки онҳо аз хона берун нашуда, соҳиби музде шаванд.

Гулбаҳор аз деҳаи Кули Суфиёни Данғара, ки аз ширкатдорони ин давра мебошад, мехоҳад, ки дониши худро такмил намояд. Мегӯяд, дар мактаб дар бораи комютер маълумоти сатҳӣ пайдо карда буд ва дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ аз дугонаҳояш шунидааст.

Ӯ шубҳа дорад, ки оё наздиконаш мегузоранд, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳфа боз кунад ё на. Аммо мехоҳад, ки ба шабакаи интернет бипайвандад ва аз он баҳра барад. Ӯ мегӯяд, ки имкон дорад дар оянда ӯ муаллимаи компютер шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд

Тоҷиддин Ҳаитов, масъули барномаи "Омӯзиши техналогияи иттилоотӣ барои духтарон ва занони хонанишин" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мизони бекорӣ дар миёни занону духтарон онҳоро водор кард, ки як чунин барномаро роҳандозӣ кунад, то занон тавонад соҳиби кори хуб шаванд. Шумораи зиёди занон дар Хатлон хонашин ҳастанду дастнигари мардҳои хона. Муаллифони ин лоиҳа мехоҳанд занон аз ҷиҳати молӣ вобаста набошанд.

Аксари заноне, ки ҳоло интернетро меомӯзанд, бояд дар таҷрибаи шашмоҳи омӯзиш, сомонаи иҷтимоӣ бисозанд, кор бо шабакаҳои иҷтимоиро ёд бигиранд ва соҳиби сертификат шаванду барои худ кор пайдо кунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Роҳи занонро ба сӯи тиҷоратҳои бузург кӣ бастааст?

Омӯзиш барои онҳо ройгон аст ва масъулини ин барнома бовар доранд, ки онҳо дар ин сурат бекор намемонанд. "Гӯшаи амрикоӣ" баъд аз шаш моҳ аз ин давраи омӯзишӣ натиҷагирӣ мекунад. Дар ҳоли муваффақ будани лоиҳа, ин тарҳ идома меёбад.