Парвандаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд ба додгоҳ рафт

Парвандаи марбут ба ошӯби моҳи ноябр дар яке аз зиндонҳои Хуҷанд, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар миёнаҳои ҳафтаи гузашта парвандаи 30 зиндонии гумонбар дар ин ошӯбро ба додгоҳ ирсол кард.

Ин афрод ба ҷурмҳои мухталиф аз ҷумла, "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "куштор", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат", гунаҳкор дониста мешаванд.

Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд.

Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд, шаби 7 ба 8-уми ноябр сар зад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса аз ду тараф беш аз бист нафар кушта шуданд. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки парвандаи маҳбусони гумонбар дар ошӯби маҳбаси Хуҷанд ба Додгоҳи олӣ ворид шуд ва додраси парванда низ муайян шуда, рӯзҳои наздик баррасии он шурӯъ мешавад. Бо назардошти ин, ки парвандаи мазкур мӯҳри махфӣ дорад, дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ аз шарҳи бештар худдорӣ намуд.

Тавре манбаъҳои наздик ба тафтишот дар Додситонии кулл мегӯянд, дар ин парванда ҳудуди 30 нафар маҳбусони маҳбаси Хуҷанд айбдор дониста мешаванд. Бархе аз волидони маҳбусони гумонбар дар ин ошӯб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Додгоҳи олӣ онҳоро огоҳ кардааст, ки парвандаро ба баррасӣ мегиранд ва аз ин рӯ вакили мудофеъ муаррифӣ кунанд.

Як сокини ноҳияи Исфара рӯзи 21-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзандаш бегуноҳ аст ва ӯро бидуни ҳеҷ далел айдор кардаанд. Ӯ умедворӣ намуд, ки муҳокимаи парвандаи фарзандаш мунсифона сурат хоҳад гирифт.

"Ду рӯз шуд аз Душанбе ба хонаам ба Исфара баргаштам. Ба Додситонии кулл, Дастгоҳи президент рафтам ва дар бораи бегуноҳии фарзандам пурсидам, ҳеҷ ҷавоби дуруст нагирифтам. Ҳоло парвандаи писарам ба додгоҳ фиристода шудааст, бояд адвокат гирем, лекин барои гирифтани вакил пул лозим аст, маҷбурам ягон чизи хонаамро фурӯшаму адвокат гирам",-афзуд ин сокини Исфара.

Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом додааст. Мақомоти тоҷик гуфтанд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон, сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.

Маросими ҷанозаи Эҳсон Ёқубов, яке аз зиндонбонҳо, ки дар ошӯб кушта шуд.

​Дар пайи ҳодиса Иззатулло Шарифзода, раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр аз мақом барканор шуд. Вай дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард. Ҳамчунин, чанд масъули дигари идораи зиндонҳо дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Ба ҷойи Иззатулло Шарифзода ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо, Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.