Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар муроҷиати видеоӣ, ки Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал нашр кард, Шарофиддин Гадоев мегӯяд: “Агар мабодо ман дар телевизиони давлатии Тоҷикистон ва ё аз тариқи ягон шабакаҳои Ютюбӣ баромад кунам, ки ман дар Тоҷикистон ҳастам ва бо хоҳиши худам омадаам, ин гапҳо ҳама дурӯғ ҳастанд.