"Ҳисор-Боботоғ" -- гузаргоҳи нави марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон

Акс аз бойгонӣ

Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд тавассути як гузаргоҳи дигари марзӣ низ ба кишварҳои якдигар рафтуомад кунанд.

Порлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 20-уми феврали худ протокол оид ба ворид намудани илова ба созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи гузаргоҳҳои марзии давлатиро ба тасвиб расонд, ки бар пояи он, гузаргоҳи нави "Ҳисор-Боботоғ" ба унвони сездаҳумин гузаргоҳ миёни ду кишвар, мавриди истифода қарор мегирад.

Созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи гузаргоҳҳои марзӣ 12-уми феврали соли 2002 -- замоне, ки Ислом Каримов президенти Узбекистон буд, ба имзо расид.

Ин гузаргоҳ дар 60-километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст ва ноҳияи Ҳисори Тоҷикистонро бо минтақаи Боботоғи вилояти Сурхандарёи Узбекистон мепайвандад. То ба ҳол миёни Тоҷикистону Узбекистон 12 гузаргоҳи автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи роҳи оҳан вуҷуд дошт.

Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва муовини раиси КДАМ рӯзи 20-уми феврал тарҳи протоколи гузаргоҳи дуҷонибаи "Ҳисор Боботоғ"-ро дар ҳузури вакилони мардумӣ муаррифӣ намуд ва гуфт, ки ин иқдом ба хотири содда намудани равуои сокинони марзии ду кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзуд, ин гузаргоҳ ба феҳристи гузаргоҳҳои ду кишвар афзуда мешавад ва метавонад дар рушди тиҷорат мусоидат кунад. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон афзуд, бо шурӯи равуои шаҳрвандони ду кишвар, убуру мурури сокинони Тоҷикистон ба кишварҳои якдигар дар соли 2018 назар ба соли 2017 шашуним баробар афзудааст.

Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Вакили порлумон Аҳмадҷон Қобилов зимни баррасии ин тарҳ гуфт, ҳадафи аслӣ содда кардани равуои шаҳрвандон ва рушди савдо ва тиҷорат дар минтақаҳои наздимарзӣ мебошад.

Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пас аз тасвиби ин санад дар Маҷлиси намояндагон, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, гузаргоҳи "Ҳисор-Боботоғ" танҳо барои убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар назар гирифта шудааст. Вай афзуд, ки миёни ду кишвар гузаргоҳҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад ва шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тариқи онҳо ба кишвар ворид ва аз он хориҷ шаванд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки минтақаҳои минакоришудаи марз миёни ду кишвар то чӣ ҳад поксозӣ шудаанд, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин масъала аз тарафи намояндагони ду кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад. Аммо ӯ нагуфт, ки дақиқанан кадом минтақаҳо аз минаҳо поксозӣ шудаанд.

Ин мақомдори тоҷик гуфт, агар дар соли 2017 дар гузаргоҳҳо убури 204 ҳазору 858 нафар шаҳрвандони Узбекистон ба қайд гирифта шуда бошад, аз моҳи марти соли 2018 ба ин тараф 1 миллиону 384 ҳазор нафар шаҳрвандони Узбекистон аз марзи Тоҷикистон гузаштаанд.

Созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳадии давлатӣ 12-уми феврали соли 2002 -- замоне, ки Ислом Каримов президенти Узбекистон буд, ба имзо расида буд, аммо равуои шаҳрвандони ду кишвар ба далели ихтилофҳои сиёсӣ, хеле маҳдуд буд.

Бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, равобит миёни Душанбе ва Тошканд беҳбуд ёфт.

Бо даргузашти Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, дар муносибатҳои ду кишвар дигаргунии мусбат ба амал омад ва дар моҳи марти соли 2018 нӯҳ гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбекистон дар шимоли кишвар расман ифтитоҳ шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, тӯли марзи миёни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд буд, ки 12 адади он дар вилояти Суғд ҷойгир аст.

То аввали соли 2018 танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии "Дӯстӣ" дар ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳ, воқеъ дар шимоли кишвар, боз буданд. Гузаргоҳҳои дигар даҳ сол пеш масдуд шуданд.

Дар ҳоли ҳозир миёни ду кишвар 12 гузаргоҳи автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи роҳи оҳан фаъол аст, ки ҳоло гузаргоҳи "Ҳисор-Боботоғ" ба онҳо илова шуд.