Шеваи пешвозгирӣ аз мансабдорон. "Дигар такрор нахоҳад шуд"? ВИДЕО

Раиси Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Панҷакент ҳини ифтитоҳи як тарҳ. Январи соли 2019.

Чанд мақоми шаҳри Панҷакент ба хотири онки дар фасли зимистон духтаронро бо либоси тобистона ба пешвози раиси вилояти Суғд бароварда буданд, муҷозот шудаанд. Акси истиқбол аз Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент моҳи январи имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Вай дар тан палтову дар сар кӯлоҳи зимистона дошт, вале духтарон дар ҳавои сард бо либоси тунук ба пешвози ӯ баромада буданд.

  • Мақомоти Суғд мегӯянд, чанде аз масъулонро барои ташкили чунин шеваи пешвозгирӣ ҷазо доданд. Вале нагуфтанд, ки ин афрод кӣ ҳастанд ва дар кадом сатҳи ҳукумати Панҷакент кор мекунанд.
Минбаъд ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ дар тасмимгирии мақомдорон нақши калон мебозанд.

Ҳарчанд дар ҳукумати Суғд мегӯянд, худи раис аз чунин ранг гирифтани кор нороҳат аст, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, мақомот ба ҳеч ваҷҳ набояд аз мансаби худ сӯиистифода кунанд.

Мақомоти Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон низ аз чунин шеваи пешвозгирӣ аз мансабдорон дар маҳалҳо интиқод карда ва гуфтанд, "дигар чунин кор такрор нахоҳад шуд".

Гурез Қосимзода

Гурез Қосимзода, муовини аввали раиси Оҷонси хидмати давлатӣ рӯзи 13-уми феврал гуфт, аз баҳсҳо дар мавриди сафарбар кардани хонандагон ба истиқболи мансабдорон хабар доранд. Ӯ афзуд, то ҳол барои ҳалли ин вазъ дахолат накарда буданд, аммо акнун талош мекунанд "ба танзим дароранд".

"Шабакаҳо дар тасмимгирии мақомот нақш мебозанд"

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, агар интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ намешуд, мақомот ба ин масъала ҳеч вақт вокуниш намекарданд. "Минбаъд ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ дар тасмимгирии мақомдорон нақши калон мебозанд. Зеро мо, мутаассифона, расонаҳои таъсиргузор надорем ва назорати шабакаҳо як миқдор мушкилтар аст", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешвозгирии мансабдорони тоҷикро танзим мекунанд

Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нерӯҳои озодандеш бештаранд ва ҳар гуна амали мансабдоронро метавонанд мавриди интиқод қарор диҳанд.

Дар фасли зимистон бо либоси тобистона сарфарбар намудани духтарон ба пешвози мансабдорон ё меҳмонҳои хориҷӣ бори аввал нест. Дар гузашта низ ба ин монанд ҳодисаҳо мавриди нигаронӣ ва танқид қарор гирифта буданд.

Бо либоси тобистона ба пешвози меҳмон дар зимистон

Санавбар Самизода, раиси шаҳри Леваканд.

Як ҳолати дигар, ки чанд рӯз боз мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст, дар ҳавои сард бо либоси тобистона ба пешвози меҳмонони украинӣ баровардани духтарон дар Леваканди вилояти Хатлон аст.

Санавбар Самизода, раиси шаҳри Леваканд, рӯзи 31-уми январи имсол ҳамроҳ бо намояндагони сафорати Украина дар Душанбе як корхонаи коркарди ширро ба истифода дод. Дар ин маросим раис ва меҳмонон бо палтову либоси зимистона зоҳир шуданд, аммо духтароне, ки барои истиқбол омада буданд, либоси тобистона доштанд.

Ба дунболи вокунишҳои зиёд аз ин ҳолат, Санавбар Самизода рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, замоне ки намояндагони Украина омада буданд, барф набуд. "Ҳамагӣ 15 дақиқа пеш аз омадани меҳмонон бо либоси тобистона буданду халос", - афзуд ӯ.

Пешвози мансабдорон сол ба сол дар Тоҷикистон ба як маъракаи бошукуҳ ва пурхарҷ табдил меёбад. Агар қаблан ин ба пешвози раиси ҷумҳур маҳдуд мешуд, вале зоҳиран раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо низ намехоҳанд аз корвон қафо монанд.

Мунтақидон чунин пешвозгириҳои бодабдабаро навъе аз шахспарастӣ медонанд. Вале мақомоти сатҳи олӣ онро кори мансабдорони маҳаллӣ ва мансабдорони маҳаллӣ дар навбати худ кори ихтиёрии сокинон медонанд.

Атлас дар бар ба истиқболи раиси палтопӯш:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Атлас дар бар ба истиқболи раиси палтопӯш