Дар як соли гузашта дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 27 даъвои ширкатҳои хориҷӣ ва ҳамкорони маҳаллии онҳо баррасӣ шудааст, ки ду баробар бештар назар ба нишондодҳои соли 2017 будааст. Аксари баҳсҳои ширкатҳои хориҷӣ бо ҳамкорони тоҷикашон барои иҷро нашудани шартномаи тарафайн ва руёнидани маблағҳои пулӣ сар задааст.
Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар ин миён танҳо ширкатҳои хориҷӣ нестанд, ки коршарикони тоҷики худро ба додгоҳ мекашанд. Дар бархе маворид, соҳибкорони тоҷик ҳам сармоягузорони хориҷиро ба фиребкорӣ муттаҳам карда аз болояшон ба додгоҳ шикоят кардаанд.
Ба гуфтаи коршиносон, афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ бо сармоягузорони хориҷӣ, боиси коҳиши эътимоди коршарикон аз хориҷи кишвар мешавад.
Ба таъкиди раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, шаҳвардони хориҷие, ки дар баҳсҳои додгоҳӣ яке аз ҷониби даъво буданд, аз Қазоқистону Туркия ва Русияву Чин мебошанд. Аммо аксари баҳсҳои миёни соҳибкорони хориҷӣ ва шарикони тоҷикашон, ки ба расонаҳо роҳ ёфтанд, ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ дорад. Яке аз ин баҳсҳо, даъвои сармоягузори чинӣ бо чанд сокини Тоҷикистон бар сари тақсими ҳиссаи ширкати заршӯии "Помир" аст.
"ТБМК"-и Чин мехоҳанд тоҷикон кони заршӯиро тарк кунанд
Ворид шудани ширкати чинии "ТБМК" ҳамчун саҳҳом ба кони тиллои Шугнов баҳси шадидеро миёни аксионерҳои маҳаллии ҶДММ "Артели заршӯии Помир" ва намояндаҳои ин ширкат ба миён оварда буд. Ширкати чинии "ТБМК" иддао дорад, ки аксияҳои саҳҳомони ин корхонаро харидорӣ намудааст ва мехоҳад аксионерҳои тоҷик корхонаи заршӯиро тарк кунанд.
Саҳҳомони ин корхона Нарзулло Анаеви 61 ва Владимир Даурови 71-сола ҳанӯз аз даврони шуравӣ дар "Артели заршӯии Помир" дар Шугнов фаъолият доштанд ва Анаев ҳудуди панҷ сол раҳбарии ин корхонаро бар дӯш доштааст. Бо оғози ин баҳс, фаъолияти "Артели заршуии Помир" боздошта шуд ва коргарони он мунтазири оғози фаъолияти дуборааш ҳастанд. Саидкомил Қурбонов, вакили дифои саҳҳомони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳси ин ширкат бо зерҳимояҳои ӯ бисёр ҷиддӣ буда, онҳо мехоҳанд ҳамаи саҳмияҳои "Артели заршуии Помир"-ро аз худ кунанд ва пурра ба он соҳиб шаванд.
Мавлуда Қаландарзода гуфт, дар марҳилаи аввал, ки додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баррасӣ кард, баҳс ба фоидаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳал намуд, аммо ҷониби ширкати чинӣ аз ин ҳукм розӣ набуд ва ба зинаи болоӣ ба додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят кард.
"Ба мо ширкати чинӣ аз он шикоят кард, ки баҳс ба фоидаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳал шудааст ва онҳо аз ин розӣ нестанд. Ҳоло марҳилаи кассатсионӣ идома дорад ва натиҷаи ин баҳс ниҳоӣ нашудааст",-гуфт раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ.
Тоҷири турк иддо дорад, ки "бо фиреб" пулашро гирифтанд
Аммо ширкатҳои хориҷӣ ва сармоягузорон на дар ҳама ҳолат муваффақ мешаванд ҳақ будани худро дар додгоҳҳои Тоҷикистон собит кунанд. Ҳолатҳои зиёди дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб ва ҳатто амволашонро дар Тоҷикистон аз даст додани ширкатҳои хориҷӣ расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба баҳсҳои додгоҳии худро бо Кумитаи андоз бохта буданд.
Бархе тоҷирони хориҷие, ки таҷрибаи кор бо коршарикони тоҷикистониро доранд, мегӯянд, ин ҳамкорӣ агар аз як тараф барои рушди тиҷораташон мусоидат кунад, аз тарафи дигар гоҳе боиси касод шудани бизнесашон мешавад. Ҳилме Дурон, як тоҷири турк, ки мегӯяд, дар чанд соли пеш дар Тоҷикистон молики ширкати "Ҳилал" буд ва ба фурӯши қолинҳои туркӣ ихтисос дошт, солҳо боз бо сармуҳосиби ин ширкат дар Тоҷикистон вориди баҳси додгоҳӣ аст.
Ба иддаои ӯ, сармуҳосиби корхонааш "бо роҳи фиреб" маблағҳои зиёди ширкатро "аз худ кард" ва бидуни ризоияти соҳиби корхона "нисфи моли ширкат"-ро ба номи худ гузаронд. Ҳилме Дурон мегӯяд, замоне дар Қазоқистону Украина ва чанд кишвари дигар ҳам ширкаташ фаъолият дошт ва дар таҷрибааш дидааст, ки коршарики "беинсоф" дар ҳама ҷо вуҷуд дорад.
"Вақте чанд соли пеш барои овардани бор ба Туркия рафтам, онҷо ба садама дучор шудам. Як муддат дар ҳолати беҳушӣ будам. Сармуҳосиби ширкати ман дар Тоҷикистон аз ин вазъ истифода карда, аксари молу колои маро фурӯхт. Ва то ҳол баҳси мо додгоҳ идома дорад",-афзуд ин тоҷири турк.
Ин тоҷири турк ба ин бовар аст, ки бархе коршарикон на дар ҳама ҳолат шартнома ё ӯҳдадории худро дуруст иҷро мекунанд. Ӯ мегӯяд, гоҳҳо онҳо аз мавқеи шаҳрвандии худ сӯиистифода мекунанд.
Тоҷикон ҳам хориҷиҳоро ба "фиребкорӣ" муттаҳам мекунанд
Аммо дар ин миён танҳо сармоягузорони хориҷӣ нестанд, ки коршарикони тоҷики худро ба додгоҳ мекашанд. Дар бархе маворид, соҳибкорони тоҷик ҳам сармоягузорони хориҷиро ба фиребкборӣ муттаҳам карда, аз болояшон ба додгоҳ шикоят мекунанд.
Аз ҷумла, тобистони соли гузашта корхонаи "Заводи пахтаи Беҳзод" ширкати туркии "Гиласинлар Тексил"-ро ба додгоҳ кашида, талаб карда буд, ки шарики туркаш маблағи қарзашро пардохт кунад.
Ҳарчанд мақомот баҳсҳои додгоҳиро ҳамчун намунаи даъвоҳои маданӣ як падидаи маъмулӣ ва қобили қабул арзёбӣ мекунанд, таҳлилгарон мегӯянд, баҳсҳои зиёд дар ниҳоят ба фазои сармоягузорӣ таъсири манфӣ мегузорад. Ардашер Каримов, ки солҳо боз бо як ширкати туркӣ ҳамкорӣ дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ бо сармоягузорони хориҷӣ боиси коҳиши эътимоди коршарикон аз хориҷи кишвар мешавад. Ин вазъи дарозмуддат метавонад ба ҷараёни воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар латма ворид кунад.
Зимнан, баҳси додгоҳӣ ягона мушкиле нест, ки сармоягузорон аз он норозигӣ мекунанд. Гарон будани андоз, тафтишҳои зиёди сохторҳои назоратӣ ва андоз, вуҷуди фасод ва ришвахорӣ аз монеаҳои дигаре дар роҳи сармоягузорони хориҷӣ гуфта мешавад. Сармояи хориҷӣ асосан аз Русия ва Чин ба Тоҷикистон ғолибан барои бахшҳое чун саноати кӯҳӣ, бонкдорӣ, энергжӣ ва истеҳсоли семент маблағгузорӣ шудааст.