Мӯҳлати ҷазои Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии маъруфи тоҷик дар солҳои 90-ум, 18 сол кам карда шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи майи соли гузашта Саид Қиёмиддини Ғозиро "барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ", гунаҳгор дониста, барои 25 сол равонаи зиндон кард.
Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 29-уми январ содир шуд. Парвандаро Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон бар асоси аризаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ баррасӣ намуда ва ҳукми худро содир кардааст.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи майи соли гузашта Саид Қиёмиддини Ғозиро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муҷрим шинохта буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз мардум узр хостБино ба иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон, ин қарор "бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул шуда, ба ҳукми Суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйирот ворид гардид".
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин бора шарҳи бештаре надод ва нагуфт, ки ӯ дар ошкор кардани кадом ҷиноятҳои вазнин мусоидат карда ва ашхоси марбут ба ин ҷиноятҳоро фош кардааст. Аммо моҳи июни соли гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар як навори видеоӣ бо номи "Решаҳои ноаён", ки аз тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд, Эронро ба ҳимоят аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам кард.
"Вазъи саломатии Ғозӣ хуб аст"
Дар ҳамин ҳол, Баҳодур Исмоилов, раиси маҳбаси ноҳияи Ваҳдат, маъруф ба "Кирпичний", ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар он нигаҳдорӣ мешавад, рӯзи 8-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо ҳам шунидем, ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ бар асоси таъйиноти судӣ 18 соли ҷазояш кам карда шудааст".
Ба гуфтаи Баҳодур Исмоилов, ариза барои баррасии дигарбораи парвандаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ, аз ин маҳбас ба Додгоҳи олӣ фиристода шуда буд. Вале ӯ гуфт, ки то ҳанӯз таъйиноти додгоҳ ба дасти онҳо нарасидааст. Ин масъули маҳбас ҳамзамон гуфт, ки вазъи саломатии Саид Қиёмиддини Ғозӣ хуб аст ва ӯ аз ҳеҷ чиз шикоят надорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Генерали мардумӣ" куҷо шуд?Яке аз наздикони Саид Қиёмиддин Ғозӣ рӯзи 8-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе мақомоти интизомӣ ин хабарро ба онҳо расониданд. Вай ҳамзамон гуфт, ки рӯзи гузашта писар, духтар ва яке аз келинҳои Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба дидори ӯ дар маҳбаси "Кирпичний" воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат рафтанд ва то соати чаҳор ҳамроҳаш буданд. Ба гуфтаи вай, ба ҳамсари Саид Қиёмиддини Ғозӣ иҷозат дода шуд, ки то рӯзи шанбе ҳамроҳи ҳамсараш бимонад.
Наздикони Эшони Қиёмиддин гуфтанд, ки чанде қабл бо аризае ба Додгоҳи олӣ барои баррасии дигарбораи парвандаи ӯ муроҷиат карда буданд. Ба гуфтаи наздиконаш Эшони Саид Қиёмиддин аз бемории қанд, фишорбаландӣ ва бемории дил, ранҷ мебарад.
Чаро мӯҳлати ҷазои Саид Қиёмиддин кам карда шуд?
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик мегӯяд, "Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар дохили Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиби мазҳаби шиа ё ҷараёнҳои дигари мазҳабӣ корҳои амалӣ накардааст ва дар ҳеҷ масҷиде варақа ва ё махсус амри маъруф накардааст ё масҷиди худашро боз намудаву афзалияти кадом мазҳабу ҷараёнҳои дигарро дар нисбат ҳанафия шарҳу тафсир накардааст. Пас аз дарёфти аризаи Саид Қиёмиддин, додгоҳ ин паҳлӯҳои масъаларо ҳатман баррасӣ мекунад".
Дигар ин, ки ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки дигарандешонро саркӯб мекунад ва имкон дорад кам кардани муҳлати ҷазои ӯ, як посухе ба ин масъала бошад. Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, омилҳои дигар, ба мисли ҳамкорӣ ва мусоидат барои ошкор кардани ҷиноятҳои дигар ва изҳори пушаймонӣ намудани ин рӯҳонии маъруф боис шудааст, ки давраи ҷазоияш кӯтоҳ карда шавад.
Шокирҷон Ҳакимов меафзояд, боқӣ мондани 7 соли дигар мӯҳлати ҷазо ба маъное нест, ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ дигар барои тағйири мӯҳлати ҷазо муроҷиат накунад. "Аз нигоҳи қонун вай ҳақ дорад муроҷиат кунад ва имкон дорад дар парвандааш таҷдиди назар сурат гирад",-мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.
Аммо нашрияҳои интернетии марбут ба Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ замони боздошти руҳонии тоҷик навиштанд, ки "яке аз ҳадафҳои аслии ин рабудани ӯ дар қадами аввал истинтоқу маҷбур кардани вай барои додани шаҳодатҳои дурӯғин ва ба ин васила як навъ таъйид кардани бӯҳтонномаҳои қаблии мақомот ва расонаҳо алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст."
Боздошт ва истирдоди "генерали мардумӣ" аз Русия
Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз моҳи ноябри соли 2017 дар боздошт аст ва моҳи майи соли 2018 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии "генерали мардумӣ" ҳам доданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.
Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хизматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.