Ӯ гуфт, рекламаҳое, ки шабакаҳои давлатӣ намоиш медиҳанд, ба талаботи як телевизиони ҳирфаӣ ҷавобгӯ нестанд. "Нисбат ба масъалаи реклама бепарво набошед. Вагарна метавонем баъзе қарорҳо барорем ва ҳамин чизҳоро аз байн бардорем”, - афзуд ӯ. Тафсилот дар навори видеоист.
Хитоб ба масъулони ТВ: Ё рекламаро танзим кунед, ё чора мебинем
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал дар назди хабарнигорон ба раҳбарони телевизионҳои давлатӣ таъкид кард, ки ба муҳтавои реклама ё таблиғот диққат диҳанд.