Ширкати шаш паҳлавони тоҷик дар "Paris Grand Slam 2019"

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи «Paris Grand Slam 2019» («Тоскӯлоҳи бузург»), ки рӯзҳои 9-10-уми феврал дар "AccorHotels Arena"-и шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд: Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг), Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни беш аз 100 кг).

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар «Paris Grand Slam 2019» иштироки 609 варзишгар (360 мард ва 249 зан) аз 98 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст.

Зимнан, мусобиқоти мазкур дар Париж баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад.

Рӯзи шанбе, 9-уми феврал, занон дар чор вазн – 48, 52 , 57, 63 кг – ва мардон дар се вазн – 60, 66, 73 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи якшанбе, 10-уми феврал, барандагони медалҳо дар се вазн - 70, 78, +78 кг - миёни занон ва дар чор вазн - 81, 90, 100, +100 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд.

Ба ин тартиб, се гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Ҷаҳонгир Маҷидов – рӯзи 9-уми феврал, се нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов – рӯзи 10-уми феврал вориди рақобатҳо мешаванд.

Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 154 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба ғолибон ва ҷоизадорон мукофотпулӣ ба таври зайл тақсим мешавад:

ҷойи 1-ум: 5000 доллар (дзюдочӣ: 4000 доллар ва мураббӣ 1000 доллар)

ҷойи 2-юм: 3000 доллар (дзюдочӣ: 2400 доллар ва мураббӣ 600 доллар)

ҷойи 3-юм: 1500 доллар (дзюдочӣ: 1200 доллар ва мураббӣ 300 доллар)

Бояд гуфт, ки ширкаткунандагони мусобиқоти байналмилалии ҷудо бо номи «Paris Grand Slam 2019», инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гуштигирони тоҷик имсол ва соли оянда барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, Гран-прии Тел-Авив, ки рӯзҳои 24-26-уми январ баргузор шуд, барои варзишгарони тоҷик нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2019 ба шумор мерафт. Дар он Тоҷикистонро се нафар намояндагӣ карданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Швейтсария, Арманистон ва Исроил ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Беларус Вадим Шока мағлуб гашт. Сипас Беҳрӯз қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба Артём Хомулаи украинӣ бохт ва дар натиҷа ҷойгоҳи панҷумро соҳиб шуд.

Хайёмиддин Ҷабборов низ дар вазни зери 73 килограмм рақобат намуд. Ӯ нахуст бар рақибаш аз Нидерланд ғолиб омад, вале баъдан аз Ҷиованни Еспоситои итолиёвӣ шикаст хӯрд. Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило аввалин қувваозмоияшро ба Самӣ Чоучӣ аз Белгия бохт.

Баъдан Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми бози Аврупо оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 2-3-юми феврал дар шаҳри Одивелаши Португалия баргузор шуд, ширкат варзид. Ӯ танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқот намояндагӣ кард. Сомон дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило дар нахустин қувваозмоӣ аз Феликс Галуаеви русиягӣ шикаст хӯрд.