То 20 феврал – муҳлати ниҳоӣ ба ду бонки буҳронии Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақомот дастур додааст, то ду ҳафтаи дигар барномаи наҷоти ду бонки азими кишварро пешниҳод кунанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барномаи наҷоти "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" бояд то 20-уми феврали имсол омода шавад.