"Масъалаи қарз боис ба барканории Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода шуд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қарзҳои пардохтнашудаи муштариёни "Амонатбонк" яке аз сабабҳои аслии барканории Рӯҳулло Ҳакимзода аз раҳбарии ин бонк будааст. Сироҷиддин Икромӣ, раиси тозатаъйини "Амонатбонк", рӯзи 5-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, интиқоди президент аз қарзҳое буд, ки мизоҷон натавонистаанд, саривақт ба "Амонатбонк" баргардонанд.