Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, хуруҷи Амрико аз созишномаи маҳви мушакҳои дурпарвоз "иштибоҳ" аст. Фролов дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, даст кашидани Амрико аз ин созишнома ба вазъи амният дар тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ дорад.
Игор Лякин-Фролов дар ҳошияи як ҳамоиш дар Душанбе дар бораи ҷузъиёти сафари Сергей Лавров, эҳтимоли сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон, шароити муносиб барои муҳоҷирони тоҷик дар консепсияи нави муҳоҷирати Русия ва ғайра сӯҳбат кард.
Радиои Озодӣ: Дар мулоқоти Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Сафири Русия: "Ман иттилоъ надорам, ки ҷангиён аз Сурия ва ё Ироқ ба минтақаҳои шимоли Афғонистон интиқол ёфтаанд. Аммо вазъият дар Афғонистон содда нест ва вазъ бадтар мешавад".
Игор Лякин-Фролов: Дар ҳақиқат рӯзҳои наздик мо интизори сафари Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон ҳастем. Дар доираи ин сафар вохӯрии ӯ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ дар назар аст. Ҳадафи асосии сафари Лавров ин баррасии масъалаҳои дуҷониба, баҳо додан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун азҷума дар бахшҳои сиёсат, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстӣ мебошад. Инчунин дар назар аст, ки дар сафари Лавров барномаи ҳамкории миёни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар ба имзо расад. Ин ҳуҷҷат санади роҳнамо дар ҳамкории мо бо ҳамтоёнамон аз Тоҷикистон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Оё Владимир Путин имсол ба Душанбе меояд ва агар биёяд бо кадом ҳадаф сафар мекунад?
Игор Лякин-Фролов: Дар робита ба сафари Владимир Путин мо онро аз эҳтимол дур намедонем. Шояд дар чаҳорӯби ширкат дар ҳамоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ чунин сафар сурат бигирад.
Радиои Озодӣ: Рӯзе пеш Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки кишвараш аз созишномаи маҳви мушакҳои миёнапарвоз берун мешавад. Вокуниши Шумо дар ин бора чӣ аст?
Игор Лякин-Флоров: Агар манзури шумо созишнома дар бораи маҳви мушакҳои миёнапарвоз бошад, ман ин инро як иштибоҳе аз сӯи ҳамтоёни амрикоиамон медонам. Ин созишнома яке аз санадҳои муҳими танзимкунандаи ҳамкории мо самти маҳви мушакҳои миёнаву дурпарвоз аст. Баромадани Амрико аз ин созишнома ба вазъи бехатарӣ дар ҷаҳон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Радиои Озодӣ: Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия дар бораи интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон ҳушдор дод. Аммо изҳоротҳои ахири мақомоти Русия дар ин бора фарқкунанда аст. Оё воқеан хатари эҳтимолии интиқоли ҷангҷӯён вуҷуд дорад?
Игор Лякин-Фролов: Ман иттилоъ надорам, ки ҷангҷӯён аз Сурия ва ё Ироқ ба минтақаҳои шимоли Афғонистон интиқол ёфтаанд. Аммо вазъият дар Афғонистон содда нест ва вазъ бадтар мешавад. Барои ҳамин бояд ба зидди хатар ва таҳдидҳое, ки метавонанд, аз Афғонистон сар занад, бояд доимо омода бошем. Барои ҳамин дивизияи 201 вуҷуд дорад, инчунин Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳастанд. Ман фикр мекунам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем, ҳаргуна хатарро бартараф кунем.
Радиои Озодӣ: Шумо аз фазои бади сармоягузорӣ ва андозҳои гарон дар Тоҷикистон интиқод карда будед. Ҳоло дар ин замина чӣ назар доред?
Игор Лякин-Фролов: Ман ҳама чизро ду сол пеш гуфтам, дигар чизе илова намекунам.
Радиои Озодӣ: Шаш ҳуҷҷати марбут ба муҳоҷират, ки байни Тоҷикистону Русия баҳс мешаванд, аз чӣ иборат ҳастанд?
Игор Лякин-Фролов: Ин созишномаҳо ҳама масоили марбут ба муҳоҷиратро дарбар мегиранд. Муҳоҷирони корӣ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аст. Ин раванди дарозмуддат аст ва мо барои ҳамкорӣ дар ин бахш бояд омода бошем.
Шумо медонед, ки чанде пеш президени Русия Владимир Путин консепсияи нави сиёсати муҳоҷиратро имзо карданд ва ҳоло раванди таҳияи қонунҳои марбут ба ин конспесия идома дорад. Ҳадафи он фароҳам кардани шароити муносиб барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мебошад. Аз ҷумла, ба муҳоҷирони корие, ки аз Тоҷикистон мераванд.