Равобити мӯътадили Душанбе ва Остона. Монеаҳо кадом аст?

Равобити Тоҷикистону Қазоқистон дар маҷмӯъ мӯтаъдил аст, вале барои иҷрои комили тавофуқномаҳои имзошуда миёни ду кишвар монеаҳои хосе вуҷуд дорад.

Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 25-уми январ созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар мавриди тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигарро имзо кард. Аз ин ба баъд шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доранд дар ҳудуди кишварҳои якдигар то 30 рӯз будуни сабти ном ва 90 рӯз бо сабти ном иқомат дошта бошанд.

Ба гуфтаи коршиносон, дар шароити феълӣ барои амалӣ шудани тамоми зарфиятҳои ҳамкорӣ бояд фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар карда шавад ва инҳисорталабиҳо аз миён бурда шаванд.

Дар ҳамин рӯз, тибқи иттилоияи хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи хадамоти матбуот, дар рафти сӯҳбат "сарони давлатҳо вазъи феълӣ ва дурнамои равобити шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба баррасӣ гирифтаанд". Созишномаи навбатӣ бо Қазоқистон ва равобити рушдёбанда бо ин кишвар нақши онро дар сиёсати берунии Тоҷикистон тақвият медиҳад.

Қазоқистон - шарики стратегии Тоҷикистон

Аз замони барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар дар соли 1993, миёни ду кишвар бештар аз 93 санади расмӣ дар бахшҳое чун иқтисод, сиёсат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, гумрук ва ғайра ба имзо расидааст. Шурӯъ аз соли 2015 Қазоқистон дар баробари Русияву Чин ва дар ин авохир Узбакистон, шарики стратегии Тоҷикистон гардид.

Парвиз Муллоҷонов.

Дар солҳои даргирии миёни тоҷикон, Қазоқистон яке аз иштирокдорони фаъоли музокироти сулҳ буда, борҳо мизбони ин гуфтугӯҳо интихоб шуд ва сарҳадбонони қазоқ дар ҳимояи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба таври фаъол мушорикат доштанд. "Ин муносибот ба таври суннатӣ мусбат буданд. Ҳатто сарфи назар аз он, ки дар заминаи масоили обии минтақа ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад, вале изҳороти шадидулаҳне дар баробари мавзеъгириҳои якдигар, мисле ин гуна изҳорот миёни Тоҷикистону Узбекистон буд, ба назар намерасад",-мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов.

Дар мавриди тақсимоти захираҳои обии минтақа Қазоқистон мисли Туркманистон ҷонибдори мавқеи Узбекистон буд, вале бо вуҷуди ин муносиботаш бо Тоҷикистон низ хароб нашуда буд. Ба ҷуз ин, Остона ҳамасола ба Тоҷикистон ёриҳои башардӯстона мерасонд. Моҳи декабри соли 2018 дар маросими интиқоли ёриҳои башардӯстонаи навбатӣ сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳаҷми умумии ёриҳо ба Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ аз марзи 36 млн. доллар гузаштааст.

Далелҳои адами таниш

Ҷумъабек Сарабеков, коршиноси қазоқ далелҳои адами низоъ дар муносиботи Тоҷикистону Қазоқистонро дар набуди марзи муштарак миёни кишварҳо ва ҳамоҳангии мавқеиятҳо дар масоили муҳимтар медонад. "Дар мавриди мудирияти обӣ бояд гуфт, ки системаҳои обии мо бо Қирғизистон пайванд мебошанд, барои ҳамин минтақаи хосе барои рақобат миёни кишварҳоямон вуҷуд надорад ва дар маҷмӯъ манофеи сиёсати берунии кишварҳои мо бо ҳам мувофиқанд ва ин ҳамоҳангӣ дар бештари ҳодисаҳо зоҳир шуд",-мегӯяд Сарабеков.

Ҷумъабек Сарабеков, коршиноси қазоқ

Дар давраҳои гузашта Тоҷикистон ҳам аз мазеъгириҳои Остона дар сатҳи байналмилалӣ пуштибонӣ кардааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон вуруди Қазоқистонро ба СҶТ (Созмони ҷаҳонии тиҷорат), номзадии Остонаро барои баргузор кардани ЭКСПО 2017 ва интихоби Қазоқистонро дар ҳайати Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва дигар ташаббусҳои ин кишварро ҷонибдорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, ба ҷуз манфиатдор будани Қазоқистон дар вуҷуди суботу амният дар Тоҷикистон, Остона ҳамчунин ба дунболи манофеи хоси дигаре низ ҳаст. "Қазоқистон ҳамеша ба дунболи ҳадафи пештози минтақа шудан мебошад ва ин ба он маъност, ки ҳазинаҳои хосе барои боло бурдани виҷҳаи худ, нерӯи нарм ва тарҳҳои мухталифи башардӯстона масраф мекунад",-бовар дорад сиёсатшинос.

Ҳамкории бисёрҷониба

Ба ҳар ҳол, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ равобит миёни Тоҷикистону Қазоқистон табиати гуногун ба худ касб кардааст. Кишварҳо дар соҳаи маориф ҳамкорӣ доранд ва ҳамасола Қазоқистон 100 ҷой барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар риштаҳои низомию техникӣ, тиҷорат ва бахшҳои навоварона пешбинӣ мекунад.

Коршинос Ҷумъабек Сарабеков ду ченаки асосии алоқамандии Қазоқистонро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебинад. Ба гуфтаи ӯ, ченаки якум амният аст, зеро Тоҷикистон монеъи таҳдидҳои ношӣ аз самти ҷануб аст ва барои ҳамин Қазоқистон алоқманди вуҷуди субот дар ин кишвар аст ва дувум "дар доираи равобити дуҷониба Тоҷикистон ба сифати як бозорест, ки мешавад он ҷо молҳои қазоқиро содир кард".

Дар равобити байнидавлатӣ рушди аз ҳама бештарро ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ доштааст. Дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 48 корхонаи муштаракаи тоҷикиву қазоқӣ амал мекунад, ки 15-тои онҳо комилан ба сармоягузорони қазоқ марбут мебошанд. Корхонаи аз ҳама маъруфтар "Оби зулол" мебошад.

Дар бозори Тоҷикистон намояндагиҳои ширкатҳои бузурги қазоқие чун "Казкомерсбонки Тоҷикистон", "JTI Kazakhstan" (воридкунандаи маҳсулоти тамоку), ТОО TeksanKazakhstanInvest (воридкунандаи маҳсулоти электротехникии барқӣ), ширкати "Alina" (истеҳсоли махлутҳои хушки сохтмонӣ ва рангҳои ороишӣ), заводи "Пеноплэкс Казахстан" (маҳсулот барои сохтмон), заводи "ЗЕРДЕ Керамика", гуруҳи ширкатҳои "Galaksi" (профилҳои алюминий барои сохтмон), холдинги "ЦЕСНА" (орд), "Иттиҳодияи ширкати ғалладонаҳо" ва ғайра ҳузур доранд.

Мувофиқи нишондодҳо, дар соли 2017 ҳаҷми сармоягузориҳои Қазоқистон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 100 млн. долларро ташкил додааст. Ба ҷуз ин, Қазоқистон ба сегонаи шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ворид мешавад. Дар 11 моҳи соли 2018 ба саҳми Қазоқистон 28,3% аз ҳаҷми умумии содирот ба миқдори 281 млн доллар ва 17,1% воридот бо маблағи 487,8 млн доллар рост меояд.

Қазоқистон бозоре барои муҳоҷират

Коршиносон Қазоқистонро самти дувуме барои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон медонанд, ки дар солҳои ахир боло рафтани шумораи муҳоҷирони Тоҷикистон ба инҷо ба назар расидааст.

Мувофиқи маълумоти ҳамоҳангсози миллии барномаи Созмони ҷаҳонии Муҳоҷират дар Қазоқистон Светлана Жасимбекова, дар 8 моҳи соли 2018 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 41,3 ҳазор нафар бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ омадаанд. Дар соли 2017 ба гуфтаи ӯ, шумораи муҳоҷирони омада 60 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ба гуфтаи Муллоҷонов, раванди муҳоҷират ба Қазоқистон на ба андозаест, ки коршиносон интизор доштанд. Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, соли 2014, баъди оғози бӯҳрон дар Русия интизор мерафт, ки ба Қазоқистон шумораи бештари муҳоҷирон бираванд. Аммо ин кор сурат нагирифт, зеро паёмадҳои бӯҳрон ба Қазоқистон ҳам таъсир гузошт, аз ҷумла, поин рафтани арзиши маҳсулоти энержӣ бар тавоноии иқтисоди ин кишвар дар пазириши муҳоҷирин асаргузор шуд.

"Аммо раванди муҳоҷират ба ин кишвар рӯ ба афзоиш аст: дар аввал 50 ҳазор нафар, баъдан 90 ҳазор шаҳрванд ва ҳоло бештар", мегӯяд коршинос. Ӯ бар ин бовар аст, ки барои Тоҷикистон осонтар аст дар бахши ҳимояи муҳоҷирон ба созишномаҳо бо Қазоқистон тарҷеҳ бидиҳад то ба Русия. Зеро дар Русия масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба андозаи зиёд сиёсишуда аст.

Монеаҳо барои ҳамкорӣ

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда миёни руасои ҷумҳури ду кишвар дар марти соли гузашта, то 2 млрд доллар боло бурдани гардиши мол миёни кишварҳо то соли 2022 ба тарҳрезӣ шудааст. Бо ин ҳадаф миёни ҳукуматҳои ду кишвар коркарди "Харитаи роҳ"-и муносиб давом дорад. Ҳадаф баландпарвозона аст, вале мушкилот дар бахши ҳамлу нақл вуҷуд дорад.

Шумораи зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон ба сар мебаранд.

"Қазоқистон чанд сол аз бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон фаъолона ҷонибдорӣ кард. Ин посухе барои адами убур аз зарфиятҳои бузурге буд, ки тиҷоратҳои мутақобиларо маҳдуд мекард.Вале ҳоло ин идея дар сатҳи тарҳе вуҷуд дорад, ки мавриди баррасист",-мегӯяд Сарабеков. Парвиз Мулоҷонов дар навбати худ ба мушкили дигаре таваҷҷуҳ мекунад, ки монеъи рушди равобит аст.

"Сармояи қазоқӣ ҳангоме, ки ворид мешавад, бо манофеи худ муштаракан ворид мегардад, мисле ин вазъ дар Қирғизистон мушоҳида шуд. Ин маблағгузориҳо рӯйи амволи ғайриманқул, бархе аз корхонаҳо, иқтидорҳои саноатӣ, захираҳои маъдан ва дигар тиҷоратҳои бузург мебошад. Аммо дар шароити Тоҷикистон ин бахшҳо то ин дам ишғол шудаанд ва ширкатҳои инҳисории хосе ҳам вуҷуд дорад. Барои ҳамин тағйироти бузурге дар ин самт вуҷуд надорад",-изҳор менамояд сиёсатшинос.

Ба ҷуз ин, ба гуфтаи Муллоҷонов, тоҷирони қазоқ дар Тоҷикистон фазои қобили таваҷҷӯҳи сармоягузориро намебинад ва бар ин назаранд, ки сармояҳои онҳо дар Тоҷикистон наметавонад ҳимоя шаванд.

Ин дидгоҳро ҳамчунин коршиноси қазоқ Сарабеков низ дорад ва бар ин назар аст, ки дар шароити муосир барои кишварҳо зарур аст, ки нишондиҳандаҳои таваҷҷуҳбарангези сармоягузориро беҳтар кунанд, то сармоягузорон ҳавасманд бошанд.

Дар маҷмӯъ, коршиносон бар ин назаранд, ки равобити Тоҷикистону Қазоқистон табиати мӯътадил дорад. Аммо дар шароити муосир барои амалӣ шудани тамоми зарфиятҳои ҳамкорӣ бояд фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар карда шавад ва инҳисорталабиҳо аз миён бурда шаванд.

Бояд гуфт, ки модели сиёсии рушди қудратгароӣ (авторитарӣ) дар ҳарду кишвар онҳоро шабеҳи ҳам мекунад ва омили наздик шудани раҳбарони сиёсии ин кишварҳо мегардад.