Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, “маршировка”-и донишҷӯён пурра манъ нашудааст ва аз ин ба баъд танҳо пас аз дарс ва бо иҷозати вазорат сурат хоҳад гирифт. Нуриддин Саид рӯзи 1-уми феврал дар нишасти мабуотӣ гуфт, агар бори дигар ҷавон шавад, “дар маршировка иштирок хоҳад кард”.
- “Ман вазири маориф ва илм ҳастам. Дар даврони Шӯравӣ хондам. Дар тамоми маршировкаҳо ширкат доштам ва ифтихор мекунам, ки иштирок кардам. Агар бори дигар ҷавон шавам бо сари баланд рафта, иштирок мекунам”, - афзуд ӯ.
Аммо вазири маориф ва илм таъкид кард, ки ба хотири иштирок дар “маршировка” донишҷӯён аз дарс озод намешаванд ва танҳо баъди дарс ҷалб хоҳанд шуд. Ба қавли ӯ, донишҷӯёне, ки дар маршировкаҳо ширкат мекунанд, стипендия гирифта, инчунин, бо хӯрок ва роҳкиро таъмин карда мешаванд.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Маршировка" дар Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Наврӯз, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият доир шуда, гоҳе то як-ду моҳ тӯл мекашад. Дар ин гуна маъракаҳо то 50-60 ҳазор донишҷӯ аз мактабҳои олӣ сафарбар мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазорат гуфт, беиҷоза ба "маршировка" наравед. ВИДЕОБаъзе волидон аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи "маршировка"-ҳо шуда, ба сатҳи омӯзиши онҳо халал мерасонад. Онҳо мегӯянд, таҷрибаи ташкили ҷашнҳои давлатии бошукӯҳ назири маъракаҳоест, ки ҳукумати Шӯравӣ баргузор мекард, вале зоҳиран имрӯзҳо дар азми баргузории ҷашнҳои серҷамъият бо иштироки ҷавонону донишҷӯён мақомот аз давраҳои Шӯравӣ ҳам бештар вақту маблағ сарф мекунанд.
Дар гузашта на танҳо волидон ва коршиносони алоҳида, балки сиёсатмадорон низ дар мавриди халал ворид кардани раҳпаймоиҳои донишҷӯён изҳори назар карда буданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи Душанбе, соли 2012 дар як маҷлиси шаҳрӣ гуфта буд, хонандагони мактабҳо набояд дар соатҳои дарсӣ ба маршировка ҷалб шаванд.