Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дигарбора гарон шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон, ки мардуми зиёде барои зиндагӣ ва хӯрду хӯрок рӯзона камтар аз якуним доллар харҷ мекунанд, қимати орд – яке аз маҳсулоти аслии истеъмолӣ – дигарбора боло рафтааст.
То ду ҳафта пеш агар 50 кило ордро дар бозорҳои Душанбе ба маблағи 170 сомонӣ мехаридед, имрӯз барои ҳамин миқдор бояд 190-195 сомонӣ бипардозед.