Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо судури як қарор ба ректорони ҳамаи донишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки минбаъд бидуни иҷозаи вазорат донишҷӯёнро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва cиёсӣ ҷалб накунанд.
Ин дастур бо имзои Нуриддин Саид, вазири илм ва маорифи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ содир шуда ба ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ ирсол шудааст. Нусхае аз ин дастур рӯзи 29-уми январ дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт.
"Маршировка"-ҳо бо ширкати донишҷӯён дар Тоҷикистон ҳафтаҳо қабл аз ҷашнҳои "Наврӯз", "Рӯзи Ваҳдат" ва "Истиқлолият" доир мешаванд ва гоҳо то як-ду моҳ тӯл мекашанд.
Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, "вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва боло бурдани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ба Шумо дастур медиҳад, ки ҷалб ва иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таълимиро дар ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва сиёсӣ фориғ аз вақти таҳсил ва танҳо бо иҷозати вазорати маориф ва илм ба роҳ монед".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чанде аз роҳбарони мактабҳои олӣ ва маъурияти донишгоҳҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ин дастури вазоратро гирифтанд ва аз ин рӯз талаботи онро ба инобат мегиранд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо аз маъмурияти донишгоҳҳо, то кунун онҳо бо дархости мақомоти шаҳру ноҳияҳо донишҷӯёнро барои ширкат дар маъракаҳои оммавиву фарҳангӣ ва сиёсӣ, ки дар миёни ҷавонон бо номи "маршировкаҳо" маъруф аст, сафарбар мекарданд ва аз вазорат иҷозати махсусе намепурсиданд.
Атлас дар бар ба истиқболи раиси палтопӯш:
"Маршировка"-ҳо бо ширкати донишҷӯён дар Тоҷикистон ҳафтаҳо қабл аз ҷашнҳои "Наврӯз", "Рӯзи Ваҳдат", "Истиқлолият" доир мешаванд ва гоҳҳо то як- ду моҳ тӯл мекашанд. Дар ин гуна маъракаҳо то 50-60 ҳазор нафар донишҷӯён аз ҳама гуна мактабҳои олӣ сафарбар мешаванд.
Ҳарчанд бархе аз волидон мегӯянд, бештари вақти таълимии донишҷӯён сарфи "маршировка"-ҳо шуда ба ҷараёни таълим халал ворид мекунад ва бо хатми донишгоҳ онҳо мутахассиси хуби соҳаи худ шуда наметавонанд.
Бархе донишҷӯёни солҳои боло мегӯянд, давоми чор-панҷ соли таҳсил ҳамеша ёд доранд, ки ҳадди аққал як моҳи хониш дар давоми солро бо раҳпаймоиву ширкат дар барномаҳои ҷашнии давлатӣ сипарӣ карда, дар ин муддат аз таҳсил дар канор мондаанд.
Аз ҷумла, дар давоми омодагиҳо ба иди Истиқлолият, пешвози Наврӯз ва таҷлили иди Ваҳдат ҳамеша аз нерӯи ҳазорҳо донишҷӯ истифода шудааст ва чунин падида на танҳо дар Душанбе, балки дар вилоятҳои кишвар ҳам ба назар мерасад.
Бархе волидони ҳамин донишҷӯйҳо мегӯянд, таҷрибаи ташкили ҷашнҳои давлатии бошукӯҳ назири маъракаҳоест, ки ҳукумати шӯравӣ баргузор мекард, вале зоҳиран имрӯзҳо дар азми баргузории ҷашнҳои серҷамъият бо иштироки ҷавонону донишҷӯён мақомот аз давраҳои шӯравӣ ҳам бештар вақту маблағ сарф мекунанд.
Дар гузашта на танҳо волидон ва коршиносони алоҳида, балки сиёсатмадорон низ дар мавриди халал ворид кардани раҳпаймоиҳои донишҷӯён изҳори назар карда буданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи шаҳри Душанбе соли 2012 дар як маҷлиси шаҳрӣ гуфта буд, хонандагони мактабҳо набояд дар соатҳои дарсӣ ба маршировка ҷалб шаванд.
Аммо тавре мушоҳида мешавад, таъсири ин гуфтаи шаҳдор дер давом накард ва баъди ин маъракаҳои оммавӣ бо ширкати 50 то 60 ҳазор донишҷӯву хонандагони мактаб доир шуд. Профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон мегӯяд, ширкати донишҷӯён дар маъракаҳои фарҳангиву сиёсии оммавӣ барои васеъ шудани фаҳмиш ва ҷаҳонбинии онҳо зарур аст.
Ӯ гуфт: “Донишҷӯ ба маъное нест, ки биёяд ба донишгоҳ ва паси миз нишинад, сухани устодро гӯш кунаду рафта китоб хонад. Робитаҳои байниҳамдигарӣ ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ даркор аст. Вале аз ин сӯиистифода кардан даркор нест, набояд инро аз ҳад гузаронд. Ман гумон мекунам, ки дар ин ё он маърака ширкат кардани донишҷӯён кори баде нест ”.
Баргузории ҷашнҳои серҷамъияту пурташвиш бо ширкати ҳазорон донишҷӯёнро сиёсатшиносон бахше аз идеологияи ҳукумат медонанд. Раҳпаймоиҳои оммавӣ умдатан таҷрибаи хоси ҳукуматҳои собиқи шӯравӣ аст, ки мехоҳанд «намоиши хушбахтии оммавӣ ва ваҳдати мардум бо ҳукумат»-ро намоиш диҳанд, ки як бахши пропаганда ё тарғиботи идеологияи давлат мебошад.