Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба таҳқиқи изҳороти ахири Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия дар бораи интиқоли густурдаи ҷангҷӯёни "Давлатӣ исломӣ" ба марзҳои Тоҷикистон шурӯъ намудааст.
Игор Зубов рӯзи душанбеи 28-уми январ дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии Вазорати умури дохилии кишвараш дар Тотористон иброз доштааст, ки ҷангҷӯёни ДИИШ "ба таври густурда бо чархболҳои ношинос аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд".
Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи марзи кишвар бо Афғонистонро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.
Муовини вазири умури дохилии Русия ҳамзамон таъкид намудааст, ки дар Маскав ин тавтеаро ҳам аз эҳтимол дур намедонанд, ки интиқоли ин ҷангҷӯён ба Русия вуҷуд дорад. Ӯ гуфтааст, эҳтимоли интиқоли ҷангҷӯён ба Русия бо омехта шудани онҳо миёни муҳоҷирон ва сафари онҳо ба Русия вуҷуд дорад ва таваҷҷуҳи вижа руйи муҳоҷирони тоҷику узбек бояд бошад.
"Солҳои охир муҳоҷирон аз кишварҳои мухталиф ба Русия меоянд ва аз руйи нишондодҳо онҳо солҳои охир то андозае аз қонун пайравӣ карда истодаанд, аммо идеологияе, ки онҳо бо худашон меоранд, аз он бояд эҳтиёт шуд"-,афзуд ӯ.
"Таҳқиқи ин хабар оғоз шудааст"
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 28 январ гуфт, изҳороти Игор Зубовро аз расонаҳо дастрас намудаанд ва барои таҳқиқи он ки то куҷо асос дорад, аллакай ба шӯъбаҳои дахлдори Раёсати марзбонӣ маълумот пешниҳод кардаанд.
Ҳамсӯҳбатамон гуфт, баъди анҷоми таҳқиқ, бо тафсилоти бештар метавонад дар ин бора сӯҳбат кунад: "Ҳоло вазъият дар минтақаи сарҳадӣ бо Афғонистон тинҷу ором аст. Дар ду-се рӯзи ахир ягон ҳодиса рух надодааст, ҳеҷ гуна таҳдид ҳам ба қайд гирифта нашудааст. Сарҳад пурра зери назорати қатъӣ қарор дорад", - афзуд Муҳаммад Улуғхоҷаев.
"Масъала тавре нест, ки кишварҳои манфиатдор мегӯянд"
Ин бори нахуст нест, ки мақомоти Русия аз таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ба марзи Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳарчанд таҳдидҳои кӯчаке вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо масъала он тавре нест, ки бархе аз кишварҳои манфиатдор дар Осиёи Марказӣ тасаввур мекунанд.
Қосими Бекмуҳамад, коршиноси масоили минтақавӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди шикасти ДИИШ дар Сурия ва равона шудани ин гурӯҳ ба минтақаҳои дигар, кишварҳои манфиатдор мехоҳанд аз ҳузури онҳо дар дигар минтақаҳо барои манофеи геополитикии худ истифода баранд.
Оқои Бекмуҳаммад афзуд, "дар умум ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон барои кишварҳое, ки дар Осиёи Марказӣ дорои манфиатҳои калони геополитикӣ ҳастанд, ба як мавзӯе табдил шудааст, ки аз тариқи он мехоҳанд ба аҳдофи муҳими геополитикии худ, бахусус ба манфиатҳои амниятиашон дар Осиёи Марказӣ даст пайдо бикунанд".
Ин коршиноси тоҷик иброз дошт, ки барои мубориза ба ҳар гуна таҳдидҳо нерӯҳои Тоҷикистон ва ҳузури пойгоҳи 201-и Русия кофӣ буда, ба таври густурда нуфуз пайдо кардани гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон ғайриимкон ва аз воқеяит дур аст.
"Талош барои гурӯҳҳои хурди чаннафари ҳамеша вуҷуд дошта ва дар оянда эҳтимолан вуҷуд хоҳад дошт, ки аз тарафи нерӯҳои Тоҷикистон қобили хунсо шудан аст. Масъалаи таҳдидҳои террористӣ чӣ барои Осиёи Марказӣ, чӣ барои Тоҷикистон пеш аз ҳама масъалаест, ки бозингарони арсаи геополитикаи минтақа мехоҳанд ба суди худ баҳрабардорӣ кунанд, ки баёнияҳои ахир аз ин орӣ нахоҳад буд",-афзуд Қосими Бекмуҳаммад.
"Марзбонони тоҷик тавони ҳифозат аз марзро доранд"
Абдушафеъ Тоҷов, полковники мустаъфии марзбонӣ мегӯяд, ҷониби Русия бо ин гуна изҳороташ гуфтан мехоҳад, ки ҳоло ҳузури нерӯҳои кишвараш дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муҳим аст.
Ӯ таъкид намуд, ки таҷрибаи чандсола нишон дод, ки ҳеҷ ниёзе барои дубора баргаштани марзбонҳои рус ба сарҳади кишвар нест ва мақомоти тоҷик аз ӯҳдаи нигоҳубинии марз мебароянд.
Марзбонони Русия, ки солҳои тӯлонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон сарҳадро тарк карданд.
Русия борҳо масъалаи бозгашти марзбонҳояшро ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳоро матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзори лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.