Хонаводаи Бадриддин Садриддинов то чанд рӯзи пеш дар як кулбаи тангу тор дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекард. Кулбае, ки на дару девори дуруст дошт, на ҷойи хоб.
Зиндагиаш афсона шуд. Аслан бовар надоштем, ки соҳиби хона мешаванд. Ҳама рафта дидем, ки шароити бад дошт.
Кулбаи оҳании онҳо фақат 7 метри мураббаъ масоҳат дошт. Духтару модар дар берун дар ҳавои сард мехобиданд, падари бемору писар дар дохили кулба, ки он ҳам пур аз сӯроху рахна буд. Ин хонаводаи қирғизтабор 23 сол пеш бо нияти зиндагии беҳтар аз ноҳияи Ҷиргатол ба вилояти Хатлон ба назди падари Бадриддин кӯчидаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хатлон аввали моҳи январ ба суроғи хонаводаи қирғизтабор рафт, ки дар кулбаашон зиндагии машаққатборе доштанд. Хадича Иброҳимова, модари хонавода, дар он рӯз дар ҳаққи мардуми деҳа дуои нек мекард, ки "Худо баракаташон бидиҳад, ҳамин макаронро Соли нав оварданд ва мо мехӯрем."
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Онҳо қаблан дар деҳаи Ҳаёти нав дар шаҳри Бохтар дар хонаи падари Бадриддин Садриддинов мезистанд. Соли 2013 Бариддинро фарзанди бародараш аз хона берун кард ва зиндагии фақиронаашон оғоз ёфт.
Баъди инъикоси ин зиндагии машаққатбори хонавода дар Радиои Озодӣ, вазъи онҳо дигар шуд. Баъзе афрод ба хонаводаи Бадриддин Садриддинов як манзил тақдим карданд.
Гузориши пешина дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бадриддин Садриддинов, ки хабари соҳиби хона шудан ӯро шод кардааст, рӯзи 28-уми январ гуфт, "шароити вазнин доштам. Худам бемор будам. Радиои Озодӣ омада, навор гирифт. Он вақт дар бистар будам. Одамон моро пайдо карданд, хеле миннатдорам. Шод ҳастам, ки ба хонаи нав мекӯчам."
Барои ин хонавода дар шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ) хонаи чаҳорҳуҷрагии навсохт харидаанд ва 8 сотих замин ҳам дорад. Хона тақрибан 20 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад ва дар деҳаи Ботурободи шаҳри Леваканд ҷойгир аст.
Сабти расмӣ ва ба номи онҳо гузарондани манзил идома дорад. Фарде, ки ба хонаводаи бесарпаноҳ кумак кардааст, худро шахси “хайрхоҳ” муаррифӣ кард, вале хост, ки ному насабаш эълон нашавад.
Хадича Иброҳимова, ки то чанд рӯзи пеш хӯрокаш макарон ва нону чой буд, мегӯяд, ҳоло аз ҳар тараф кумак мегирад. "Баъди онки моро нишон додед, ҳама кумак кард, пул фиристоданд. Хонаро дидам, чанд ҳуҷра дора", – мегӯяд ӯ.
Асомиддин Шарипов, яке аз соконини деҳаи Ҳаёти нав гуфт, бовар надошт, ин хонавода дар деҳаашон ба зудӣ ва ба осонӣ соҳиби хона мешаванд. "Зиндагиаш афсона шуд. Аслан бовар надоштем, ки соҳиби хона мешаванд. Ҳама рафта дидем, ки шароити бад дошт. Зиндагияшон тағйир ёфт ва мо хурсанд шудем", – гуфт ӯ.
Бадриддин Садриддинов бешак яке аз ҳазорон шаҳрвандони бесарпаноҳу манзил ва ё безамин дар Тоҷикистон аст, ки толеаш баландӣ кард ва соҳиби манзил шуд.
Ба Радиои Озодӣ рӯзона даҳҳо нафар бо айни мушкил муроҷиат мекунанд, яке муҳтоҷи як порча замин аст, дигарӣ солҳост, иҷора менишинад.