Болтон: "Амрико ба таҳдидҳои Венесуэла вокуниши ҷиддӣ нишон хоҳад дод"

Мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико ба ҳукумати Венесуэла ҳушдор дод, "ҳар гуна хушунат ва таҳдиде" алайҳи дипломатҳои амрикоӣ ё раҳбари мухолифони он кишвар, бо "вокунишҳои ҷиддӣ" рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ҷон Болтон рӯзи якшанбеи 27-уми январ дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "ҳар гуна хушунат ва тарс додани дипломатҳои ИМА, раҳбари демократии Венесуэла, ё порлумон, ба маънои тохтутоз алайҳи қонунсолорӣ аст ва бо вокунишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд."​

Рӯзи 26-уми январ СММ аз ҳама тарафҳо хост, сари мизи музокирот биншинанд ва роҳҳи ҳалли сиёсие барои ин бӯҳрон пайдо кунанд.

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон ва раиси порлумони он кишвар аст. Дар ҳоли ҳозир аксари курсиҳои порлумон дар ихтиёри мухолифони раиси ҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро қарор дорад. Хуан Гуайдо худро президенти муваққати Венесуэал эълон кардааст ва хостори баргузории интихоботи нав дар он кишвар мебошад. Амрико ва ҳудуди 20 кишвари дигари ҷаҳон низ ӯро ҳамчун раиси ҷумҳури муваққат ба расмият шинохтаанд.

Ҷон Болтон рӯзи якшанбе дар "Твиттер"-и худ навишт, "Амрико ба бозгашт ба ояндаи дурахшон дар Венесуэла ёрӣ мерасонад. Мо аз ҳама миллатҳо мехоҳем, ки аз ормонҳои озодихоҳонаи мардуми Венесуэла, ки дар талоши озодсозии худ аз ҳукумати ғайриқонунӣ ва мафиёии пешин Николас Мадуро ҳастанд, ҳимоят кунанд".

Аммо Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла эътирофи Хуан Гуайдо ба унвони раиси ҷумҳури муваққатро "ғайриқонунӣ" донист ва иқдомоти Амрико ва дигар тарафдорони нерӯҳои мухолифи он кишварро низ ғайриқонунӣ номид. Мадуро рӯзи якшанбе зарбулаҷали ҳаштрӯза барои баргузории интихоботи нав дар кишварашро радд кард ва Гуайдоро "нақзкунандаи Қонуни асосӣ" хонд.

Мадуро дар соли 2013 пас аз марги Ҳуго Чавез, ба қудрат расид. Дар нахустин интихобот ӯ бо касби 51 дарсади раъйи интихобкунандагон, раиси ҷумҳури Венесуэла шуд. Аз он вақт то ба ҳол Венесуэла дучори танишҳои сиёсӣ шудааст.

Бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши қимати колоҳо, камбуди молҳои асосӣ ва мавриди ниёзи аввалия, ҳамчунин муҳоҷирати миллионҳо нафар ба хориҷ аз кишвар, аз мушкилоти дигаре мебошад, ки солҳои ахир домангири Венесуэла мебошанд.

Аксари мухолифони Мадуро интихоботи президентии соли 2018-ро таҳрим карданд, зеро ба бисёре аз чеҳраҳои аслии мухолифи Мадуро иҷозаи иштирок дар он дода нашуда буд. Мухолифон натиҷаи интихоботро низ қабул надоранд.

Хуан Гуайдо ва мухолифони ҳукумати Венесуэла Мадуроро муттаҳам карданд, ки дар талоши аз миён бурдани демократия ва таҳкими яккаҳукмронӣ аст. Мадуро аммо дар ҷараёни тамринҳои низомӣ рӯзи якшанбе хитоб ба мухолифон гуфтааст, "дунболи табаддулот ҳастед ё Қонуни асосӣ? Тарафдори империализм ҳастед ё мухолифи империализм?

Русия аз Николас Мадуро ҳимояташро эълон кардааст.

Ҳоло ба назар мерасад, ки артиши Венесуэла ва фармондеҳони он аз Мадуро ҳимоят мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки ду рӯз пеш вобастаи низомии Венесуэла дар Амрико ба сафи мухолифон пайваст. Гуайдо худ дар паёме барои артиш хостори ҳимояти он шуд ва сарбозон хостааст ба тарафи мардум тирандозӣ накунанд.

Ҳукумати Венесуэла аз сӯи Русия, Эрон, Туркия, Сурия, Чин ва Боливия ҳимоят мешавад. Шуморе аз кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ ҳимояти худро аз Хуан Гуайдо эълон кардаанд. Рӯзи душанбеи 28-уми январ Австралия низ аз Гуайдо пуштибонӣ намуд.

Рӯзи шанбеи 26-уми январ дафтари сиёсии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи Шӯрои амният аз ҳама тарафҳо хост ба мизи музокирот биншинанд ва роҳҳи ҳалли сиёсие барои ин бӯҳрон пайдо кунанд.