Ҷасади Ҳукмишоҳро баъди 11 рӯз аз зери тарма ёфтанд. АКС

Ҷасади Ҳукмишоҳ Саидов, сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро баъди ёздаҳ рӯз аз зери тарма берун оварданд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади ӯ рӯзи 27-уми январ дафн карда хоҳад шуд.

Ҳукмишоҳ Саидови 27-сола нисфирӯзии 15-уми январ барои шикори кабк аз хона берун шуда, дар секилометрии деҳаашон зери тарма мондааст. Ин ҷавон якуним сол қабл издивоҷ карда, писараш шашмоҳа аст.

Қаблан Амиршоҳ Саидов, падари Ҳукмишоҳ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо белу каланд писарашро меҷӯянд. Вай аз он шиква дошт, ки маъмурони наҷот ба кумакаш наомаданд, дар ҳоле ки тарма сад метр тӯл ва тақрибан бист метр баландӣ дорад.

“Ҳатто намак пошидем, ки барф зуд об шавад. Чаро кормандони МЧС ба назди мо намеоянд? Фақат як рӯз як масъули МЧС омад ва бо ҳамин каси дигареро аз ин ниҳод надидем”, - гуфта буд ӯ.

Асланшо Худоиев, сардори идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ванҷ, ба Радиои Озодӣ гуфт, маконе, ки Ҳукмишоҳ зери тарма монда буд, аз маркази ноҳияи Ванҷ дур аст ва имкони бурдани техника вуҷуд надорад.

Тоҷикистон ҳар сол дар фасли зимистон шоҳиди барфрезии шадид ва тармафароӣ ва дар аввали баҳору тобистон шоҳиди омадани сел мешавад. Офатҳои табиӣ солҳои охир боис ба ҳалокат ва бе хонаву дар мондани даҳҳо нафар шудааст.

Дар натиҷаи тармафароӣ дар соли 2017 тақрибан сӣ нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин гуна ҳодисаҳо сокинон бештар аз маъмурони наҷот гиребонгир мешаванд, ки ё барои кумак дер расида ва ё барои наҷоти одамон таҷҳизоти зарурӣ надоштаанд.

Дар пайи барфрезии шадид ва фаромадани тарма дар ду ҳафтаи охир дар минтақаи шимол ва вилояти Бадахшон, 5 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар як ҳодиса дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон падару писар ба ҳалокат расиданд, ки машғули тоза кардани роҳҳо аз барфу тарма буданд.

Ҳукмишоҳ Саидов. Акс аз бойгонии хонаводагӣ