Ташхиси ҳазорҳо хонандаи мактаб барои ҷилавгирӣ аз ВИЧ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пизишкон хуни тақрибан 120 ҳазор хонандаи мактабро дар Тоҷикистон ташхис хоҳанд кард, ки оё гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ҳастанд ё не.
Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин кор маълум кардани кӯдакони олуда ба ВИЧ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани онҳост. Маърака то нимаи моҳи феврали имсол идома мекунад.