Навори латукӯби кӯдакон Қазоқистонро такон дод

Ҳодиса дар наздикии ин мактаб сурат гирифтааст.

Баъди пайдо шудани видеои бадрафторӣ бо кӯдакон дар мактабҳои вилояти Туркистон дар Қазоқистон, мақомот ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардаанд.

Муаллимон мегӯянд, дар бораи зӯроварӣ бо талабагон баъд аз он огаҳ шуданд, ки суҳбат дар бораи он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Модарони яке аз ноболиғон барои рафтори писараш узр хост.

Раиси идораи маорифи вилояти Туркистон гуфт, ки дар мактабҳо тафтишот оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, муаллимоне, ки ин ҳодиса роҳ додаанд, танбеҳ мегиранд.

Дар ин ҷо хонандагони синфи нуҳуми мактаби рақами 16 наврасони аз худашон хурдтарро таҳқиру тавҳин мекунанд. Мақомоти пулис гуфтанд, баъди дидани видео дар паяш шуданд ва маълум карданд, ки ҳодиса дар вилояти Туркистон шудааст.

Дар робита ба бадрафторӣ бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз кардаанд. Ба гуфтаи мудири мактаб Бозорқул Мирзоқулов, чунин ҳодиса дар гузашта аслан набуд ва кӯдакони озордидаро барои ташхиси тиббӣ фиристодаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хушҳолӣ бо лагадкӯби кӯдакон Қазоқистонро такон дод

Вай мегӯяд: "Вазъи наврасон хуб аст. Фақат ду нафар зери назорати табибон ҳастанд. Дигар бачаҳо дар мактабанд. Бо онҳо ва волидонашон равоншиносону ҷомеашиносон кор мекунанд. Руяшон хун нашудааст, фақат харош хурдааст. Дигар чизе нашудааст."

Аз се муҳассиле, ки бо онҳо бадрафторӣ сурат гирифтааст, танҳо яке расман ба мақомот шикоят кардааст. Модари яке аз муттаҳамон ба бадрафторӣ аз он наврас ва ва хонаводааш узр хостааст.

"Аз номи аҳли оила аз волидони бачаҳо узр мепурсам. Дигар чизе гуфта наметавонам, беморам" - гуфт, Бахтигул Онгарбоев, модари яке аз муттаҳамон.

Кормандони пулис, ноболиғони муттаҳам ба ҷиноятро боздошт накардааст. Раиси идораи маорифи вилояти Туркистон гуфт, ки дар мактабҳо тафтишот оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, муаллимоне, ки ин ҳодиса роҳ додаанд, танбеҳ мегиранд.