Сарвиноз Душанбеи навро бунёд мекунад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сарвиноз Шарипова ҳашт соли охир дар сари фармони крани сохтмонӣ кор мекунад. “Утоқ”-и кории Сарвиноз Шарипова дар баландии 70 метр ҷойгир аст ва аз ин баландӣ ӯ тамоми ҷараёни сохтмонро назорат мекунад. Сарвиноз Шарипова дар сохтмонҳои муҳиме ба мисли “Осорхонаи миллӣ», беморхонаи “Истиқлол”, Академияи ВКД, “Шаршара”-и назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, биноҳои вакилони парлумони Тоҷикистон ва ғайра саҳм гузоштааст.