Ду нафар бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Сиёвуш Асророви 26-сола ва Хуршед Бекназарови 24-сола – дар мусобиқоти қаҳрамонии Малайзия ва Индонезия бозӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳимоятгар Сиёвуш Асроров бо бошгоҳи Суперлигаи Малайзия «PKNP FC» қарордод ба имзо расонидааст. Ӯ, ки аз соли 2014 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад, дар ин муддат дар ҳайати тими миллӣ беш аз 35 бозӣ кардааст.
Сиёвуш Асроров дастпарвари мактаби футболи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) мебошад ва шаш соли ахир дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекард. Вай борҳо қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида, ду бор (солҳои 2015 ва 2017) дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ширкат кардааст.
Тими футболи «PKNS» (Perbadanan Kemajuan Negeri Selangor), ки соли 1967 таъсис ёфтааст, шаҳри Петалинг-Ҷаяи иёлати Селангорро намояндагӣ мекунад. Бошгоҳ соли 2004 ба премйер-лигаи Малайзия роҳ ёфта, дар айни ҳол дар Суперлигаи ин кишвар ширкат меварзад. Сарпарасти бошгоҳ ширкати хусусии «PKNS Sports Sdn Bhd» мебошад. Мавсими нав дар Суперлигаи Малайзия 1-уми феврал оғоз меёбад.
Ҳимоятгар Хуршед Бекназаров бошад, ба бошгоҳи футболи «PS Tira», ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Индонезия иштирок мекунад, гузаштааст. Футболбози тоҷик бо бошгоҳи нави худ қарордод ба имзо расонидааст.
Бекназаров ҳам дастпарвари бошгоҳи футболи «Вахш» (имрӯза “Хатлон”) мебошад. Ӯ ду соли ахир дар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки ду бор барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст, ҳунарнамоӣ мекард. Соли гузашта Бекнааров бо ҷоизаи “Беҳтарин ҳимоятгари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон” сарфароз шудааст.
Бошгоҳи нави Хуршед Бекназаров соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Индонезия дар ҷойгоҳи 15-ум қарор гирифта, мавқеашро дар дивизиони олӣ нигоҳ дошт. Бошгоҳи «PS Tira», ки соли 2015 таъсис ёфтааст, шаҳри Сибинонгро намояндагӣ мекунад.