"Пулҳоро дар хона ҷамъ мекунам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе гуфт, ки ба бонкҳо чандон бовар надорад ва кӯшиш мекунад, пулҳояшро дар хона нигоҳ дорад. Аз соли 2014 ба ин тараф ҳамфикрони ин ҳамсуҳбати мо зиёдтар шуданду кам не. Эътимоди мардумро ба буҳрон афтодани ду бонки бузурги кишвар – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" – кам кард. Боз ҳам сандуқҳо ва зери кӯрпачаҳои бобоӣ шеваи баргузидаи ҳифзи амонатҳо гардид. Назари дигаронро дар навори видео бубинед.