Дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҷавонони кулоҳсафед зиёд ба назар мерасанд, ки "папаха"-ро ҳамчун сарпӯши зимистона ба сар мекунанд.
Чанд моҳи охир назди дӯкони кулоҳфурушии Бахтиёр серодам аст. Таваҷҷуҳи муштариёнро бештар сарпӯшҳои қафқозии ӯ ҷалб мекунанд. "Папаха" кулоҳест, ки чемпиони ЮФС Ҳабиб Нурмагомедов замони ба сабқат баромаданаш ба сар мекунад.
Аксҳои мухлисони Ҳабиб Нурмагомедов бо "папаха", ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон нашр мешаванд, таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷикро низ ба ин навъи сарпӯш ҷалб кардааст.
Бахтиёр Садиров, соҳиби дӯкони кулоҳфурӯшӣ мегӯяд, ки ҳам ҷавонон ва ҳам калонсолони аз 18 то 70-сола, ин навъи кулоҳро харидорӣ мекунанд. Бахтиёр мегӯяд, ки барои ӯ ин сарпӯшҳоро аз Русия меоранд ва таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик баъди сабқати ахири Ҳабиб бо размандаи ирландӣ Конор Макрегор, ба ин навъи кулоҳ бештар шудааст. Арзиши ин кулоҳҳо аз 100 то 350 сомонӣ аст.
Ба гуфтаи Бахтиёр Садиров, ин "папаха" аз пашми гӯсфанд омода мешавад ва моли тоза ҳаст ва бинобар ҳамин, нархаш гарон мебошад. Ӯ айни замон мегӯяд, ки чунин кулоҳҳо бо нархи арзонтар низ фурӯхта мешавад, аммо сифаташон чандон хуб нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Каримҷон Намозов, як ҷавон, ки хариди "папаха" ба ин дӯкон омада буд, гуфт, "мо ин шапкаро на ба хотири зебогӣ, балки барои мухлисии Ҳабиб мехарем. Ҳабиб яке аз варзишгарони машҳури дунё мебошад. Вақте ҳамроҳи Конор ҷанг мекард, пеш аз баромаданаш ҳамин кулоҳро монд, аз ҳамон вақт ман бисёртар мухлис шудам".
Ҳар мизоҷе, ки ба нуқтаи фурӯши кулоҳҳои қафқозӣ меояд, тавони харидани ин кулоҳро надорад. Арзиши гарони ин сарпӯшҳои пашмин ба ҳама имкон намедиҳад, ки онро харидорӣ кунанд. "Нафароне, ки имкони харидории кулоҳи аслиро, ки аз Доғистон оварда мешавад, надоранд, метавонанд арзонтари онро бо арзиши 50 сомонӣ харидорӣ кунанд",-мегӯяд Бахтиёр Садиров.
Аксҳои мухлисони Ҳабиб Нурмагомедов бо "папаха", ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон нашр мешаванд, таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷикро ба ин навъи сарпӯш ҷалб кардааст. Мегӯянд, бо ин роҳ онҳо варзишгари дӯстдоштаашонро дастгирӣ ва мухлис буданашро исбот мекунанд.
Бахтиёр Маҳмадҷалилов, яке аз мухлисони Нурмагомедов мегӯяд, "ҳамон тавр, ки мухлисони футболбозон либосҳои онҳоро мехаранд, мо ҳам мухлиси Ҳабибем ва кулоҳашро харида, мепӯшем".