Бунёди мусоидат ба ҳифзи модару кӯдак бо номи "Даргил наник" дар Маскав беш аз 100 кӯдаки навзодро, ки аксарият аз модарони муҳоҷир ба дунё омадаанд, аз зиндаятимӣ ва бекасиву сарнавишти номаълум наҷот дод. Муассиси созмон коргардон, каскадёр ва ҳунарпешаи тоҷики муқими Маскав Меҳмоншо Меҳмоншоев аст.