Гази Узбекистон ба хонаи сокинони Душанбе расид

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зулфия Урунова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе, пас таваққуфи беш аз даҳсола бо гази табиии Узбекистон чой меҷӯшонад ва хӯрок мепазад. Сокинони ин кӯчаи пойтахти Тоҷикистон аз аввалин маҳаллаҳое ҳаст, ки дубора соҳиби гази табиии Узбекистон шудаанд.