“Чип”-и Кумитаи андоз дар нуқтаҳои фурӯши газу бензин ВИДЕО

Кумитаи андози Тоҷикистон дар даҳҳо нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ “чип” ё дастгоҳе насб кардааст, ки аз тиҷорати ҳар литр газу бензин мустақим ба мақомот гузориш медиҳад. Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ки тарҳро ба хотири пешгирӣ аз фирори тоҷирони нафту газ аз пардохти молиёт роҳандозӣ карданд. Ба қавли онҳо, чунин дастгоҳ аллакай дар 30 дар сад аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ насб шудааст.

Муҷаввизи насби дастгоҳҳои электронии назорати фурӯши маводи сӯхтро ширкати "Фароз" – таъминкунандаи аслии гази моеъ дар Тоҷикистон – ба даст овардааст.

"То кунун аз 1141 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар 454 нуқта дастгоҳи электронӣ вуҷуд дорад”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти Кумитаи андози Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Ин ба маъноест, ки агар ронанда дар ин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои мисол 10 литр бензин бигирад, ҳаҷм ва қимати он тариқи дастгоҳи электронӣ мустақим ба махзани ягонаи Кумитаи андоз ворид мешавад.

  • Феълан дар вилояти Суғд дар 80 дар сади нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ "чип" гузошта шудааст. Дар назар аст, то поёни имсол дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар “чип” гузошта шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назорати фурӯши бензин дар Тоҷикистон аз ҳисоби ронандагон

"Хариду фурӯш шаффоф сурат мегирад"

Масъулони дафтари матбуоти Кумитаи андоз гуфтанд, "таҷрибаи ибтидоӣ нишон дод, ки фаъолияти нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пас аз насби дастгоҳҳои компютерӣ шаффоф сурат мегирад. Ин таҷриба аллакай дар Қирғизистону Озарбойҷон ва Русия низ амалӣ мешавад ва натиҷаи мусбат ба бор овардааст."

Кумитаи андоз, инчунин, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хостааст, ки аз фурӯши сӯзишворӣ бо сатилу “баклашка” дар қадди кӯчаҳо ҷилавгирӣ кунад.

Муҷаввизи насби дастгоҳҳои электронии назорати фурӯши маводи сӯхтро ширкати "Фароз" – таъминкунандаи аслии гази моеъ дар Тоҷикистон – ба даст овардааст.

Барои тарҳ чӣ қадар пул сарф шуд, номаълум

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳукумат ҷилави нархи бензин ва гази моеъро ба дасти худ мегирад

"Фароз" аз ширкатҳои наздик ба ҳукумат буда, бахшҳои сердаромади тиҷорати хусусиро таҳти назорат дорад. Дар Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанд, "Фароз" муҷаввизи ин тарҳро тавассути музояда ё тендер соҳиб шуд. Маълум нест, ки ширкат барои татбиқи тарҳ чӣ қадар маблағ сарф кардааст. Аммо акнун барои баргардондани маблағҳо дар мувофиқа бо Кумитаи андоз аз фурӯши ҳар литр маводи сӯхт 0,5 дирам ба ҳисоби ширкат ворид мешавад.

Дар Кумитаи андоз ба суоли он ки дар баробари "Фароз" ширкатҳои дигар довталаби муҷаввиз буданд, гуфтанд, ки Кумита чанд ширкати дигарро барои иштирок дар музояда ташвиқ кард, вале онҳо ҳавасмандӣ нишон надоданд.

Ба суду ба зиёни кӣ?

Масъулони баъзе аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт гуфтанд, аз насби дастгоҳҳои электронӣ ба хотири шаффофияти кор ҳимоят мекунанд, аммо маблағи иловагӣ нархи сӯзишвориро боло мебарад. Саидҷон, яке аз фурӯшандаҳои маводи сӯхт гуфт, "ба мо фаҳмонданд, ки то чанд дирам ба ҳисоби ширкати "Фароз" мегузарад, ки ҳамаи дастгоҳҳоро насб кардааст. Худатон медонед, ки ҳар хадамоти иловагӣ ба нархи сӯзишворӣ изофа мешавад ва бар зарари харидор хоҳад анҷомид".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фароз: "Ҷонибдори болоравии нархи газ дар Тоҷикистон нестем"

Намояндагони ширкати "Фароз", ки дар маҷмуъ аз шарҳи хабарҳои марбут ба фаъолияти худ худдорӣ мекунанд, ҳозир нашуданд, татбиқи тарҳ ва харҷҳои ширкатро расман шарҳ диҳанд. Вале баъзе аз намояндагони ширкат ба таври ғайрирасмӣ гуфтанд, ҳоло Махзани ягонаи Кумитаи андоз дар тамоми ҷумҳурӣ ба кор андохта нашудааст. Танҳо дар баъзе навоҳии вилояти Суғд, ки дастгоҳҳо хеле зуд насб шуданд, мавриди истифода қарор гирифт.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ширкати "Фароз пардохт" аз ибтидо масъулияти насби компютерҳо ва кашидани симҳои миёни нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар тамоми ҷумҳуриро бар дӯш дошт. “Аз ин рӯ, барои пас гардондани маблағҳои сарфкардаи худ аз ҳар литри сӯзишворӣ 0,5 дирам ба ҳисоби “Фароз” гирифта хоҳад шуд", - афзуд мусоҳиби мо.