Соҳибкорони Кӯлоб аз тахриби дӯконҳояшон нигаронанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Идомаи татбиқи навсозӣ ё нақшаи куллии шаҳри Кӯлоб даҳҳо тоҷирро аз дӯконҳои худ маҳрум хоҳад кард. Барои мисол, дар боғи марказии шаҳри Кӯлоб даҳсолаҳо боз мағоза ва тарабхонаҳои шахсӣ ҷойгир буд, вале мақомот рӯзи 10-уми январ ба соҳибони иншооти атрофи боғ амр додаанд, ки то 15 рӯзи дигар биноҳоро холӣ ва вайрон кунанд.