Норозигии 300 сангкаш аз корхонаи тиллои "Зарафшон"

Сокинони норозӣ аз корхонаи тиллои "Зарафшон"

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Панҷакент алайҳи корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки онҳоро аз истифодаи партовҳои сангу рег маҳрум кардааст, ба мақомоти вилояти Суғд шикоят бурданд.

  • Ин гурӯҳ, ки мегӯяд аз 300 нафар, бо шумули боркашҳо ва ронандаҳо иборат аст, солҳо партовҳои сангу реги корхонаи тиллоро барои корҳои сохтмонӣ ба мардум мефурӯхтанд ва оилаҳои худро таъмин мекарданд.
Ба кори мо халал мерасонанд. Боз ягон санг мепарад, омада, аз мо ҷавоб талаб мекунанд. Мошинҳояшон куҳна аст.

Мошини боркашони Облобердӣ Мирзоалиев понздаҳ сол боз се оиларо мехӯронад. Ӯ ва ду мардикораш ҳар рӯз аз партовгоҳи корхонаи тиллои "Зарафшон" барои сохтмони шаҳрвандон санг мекашонанд. Мирзоалиев аз ин роҳ ҳар моҳ беш аз 800 сомонӣ ба даст меовард ва ҳоло аз ин даромад маҳрум аст.

"Аз онҷо фақат сангҳои партофташударо мегирифтем. Ин сангҳо маъдан надоранд. Ҷойи кори дигар нест, маҷбур сангкашонӣ мекардем. Инро ҳам аз дасти мо мегиранд. Дар оила ҳашт нонхӯр дорам. Баъзе бачаҳо аз бонк қарздоранд", - гуфт ин сокини Панҷакент рӯзи 10-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Азизхӯҷа бекор монд. Чаҳор корхонаи тиллои Шугновро бастанд

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои ҳалли мушкили худ ба чанд идора муроҷиат карданд ва ахиран ба қабули Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рафтанд. Раиси вилоят дастур додааст, мушкили як гуруҳ сокинони Панҷакент, ки корхонаи тиллои Зарафшон онҳоро аз кашондани санг маҳрум кард, фаврӣ ба фоидаи сангкашонҳо ҳал шавад.

Ба қавли Облобердӣ Мирзовалиев, аз вилоят як комиссия омада, ҷойи корашонро дид ва зараровар набудани онро таъкид кард. Феълан ин гуруҳи сокинони шаҳри Панҷакент бесаброна ҳафтаи ояндаро интизоранд, то дубора ба ҷойи корашон баргарданд.

Корхонаи тиллои “Зарафшон” корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин буда, 75 дар сади саҳмияҳояш ба як ширкати хусусии Чин ва 25 дар сад ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

“Кӯшиши мекунем, ки онҳо кор кунанд”

Чанде аз сокинони норозӣ аз мақомоти корхонаи тилои "Зарафшон"

Муҳаммадсобир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент гуфт, ки рӯзи 14-уми январ мушкили сокинон ба нафъи онҳо ҳал хоҳад шуд. Сафарзода рӯзи 10-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора аз раиси вилоят Суғд ва ҳам аз раиси шаҳри Панҷакент дастур гирифтаанд, то баҳс ба фоидаи сокинон ҳал шавад.

“Ба роҳбарияти корхонаи “Зарафшон” мактуб фиристодем ва рӯзи душанбе шахсан рафта, бо мудири кулли корхона вомехӯрам. Масъаларо ҳал мекунам. Супориш шудааст, ки ба масъала фавран нуқта гузошта шавад”, - гуфт Сафарзода.

“Мошинҳо ба кори мо халал мерасонанд”

Мақомот дар ҳоле талош доранд баҳси сокинон ва корхонаи тиллои “Зарафшон”-ро ба нафъи аввалӣ ҳал кунанд, ки масъулини корхона ҳам барои тасмими худ далелҳо пешниҳод мекунанд. Маҳмудҷон Мӯсоев, муовини мудири кулли корхонаи “Зарафшон” гуфт, мошини сокинон ба кори муассиса халал мерасонад. Ин масъули корхонаи “Зарафшон” далели дигари масдуд шудани роҳи сокинон ба партовгоҳи корхонаро ба таъмини бехатарии худи одамон рабт дод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Парванда алайҳи муовин ва менеҷери корхонаи заршӯии "Зарафшон"

Ӯ гуфт, “дар дохили кон таркиш мешавад. Бояд мошинҳои калон ба онҷо дароянд. Пештар мошинҳо ба мо халал намерасонданд, аммо ҳоло ки доираи фаъолияти ширкат васеъ шудааст, ба кори мо халал мерасонанд. Боз ягон санг мепарад, омада аз мо ҷавоб талаб мекунанд. Онҳо мошинҳои куҳна ҳастанд.”

Масъули корхонаи тиллои “Зарафшон” тасдиқ кард, ки корохона ба партовҳои регу санг ниёз надорад ва гуфт, нисбат ба як соли пеш ним тонна бештар тилло истеҳсол кардаанд.

Баҳси як гуруҳ сокинони шаҳри Панҷакент бо корхонаи “Зарафшон” дар шабу рӯзе сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон садҳо нафар бе шуғли доимӣ ҳастанд. Бинобар маълумоти расмӣ теъдоди бекорон дар Тоҷикистон каме бештар аз 50 ҳазор аст, вале маълумоти ғайрирасмӣ ин рақамро бамаротиб зиёд нишон медиҳад.

Бори аввал нест, ки мақомоти корхонаи тиллои “Зарафшон” дар шимоли Тоҷикистон бо сокинони маҳаллӣ вориди баҳс мешавад. Пеш аз ин Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор ва шоири муқими Панҷакент бо роҳбарияти корхонаи “Зарафшон” баҳси додгоҳӣ дошт.

Корхонаи муштараки "Зарафшон", воқеъ дар шаҳри Панҷакент бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 то соли 2007 бахши умдаи саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии "Commonwealth & British Mineral Ltd" тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои "Zijin Mining Group Co.Ltd" харид. Бино ба иттилои Кумитаи андоз, соли 2016 корхонаи “Зарафшон” яке аз ду андозсупорандаи беҳтарин дар Тоҷикистон буд.