Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли норасоии шадиди мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони ин соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ кард. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, табибоне, ки ба муолиҷаи беморони сил машғуланд, аз маоши баландтару исттироҳати бештар бархӯрдор хоҳанд буд. Соати корӣ барои кормандони бахши сил коҳиш ёфт.