Боми як хона дар Душанбе ба сари иҷоранишонҳо фурӯ рехт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоми 4-уми январ Санавбар Шерова ва се фарзанди ноболиғи ӯ аз як фалокат ҷон ба саломат бурданд. Боми хона ба сари ӯву кӯдакон сарозер шуд, вале модар тавонист дар фурсати кӯтоҳ як-як ҳамаро берун кашад. Кӯдакони Санавбар Шерова, сокини кӯчаи Сарези шаҳри Душанбе аз 4 то 12-солаанд.