Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эълон кард, то анҷоми мавсими тирамоҳу зимистон, ки маъмулан то моҳи март идома мекунад, парвозҳояшро ба самти Русия ҳавопаймоҳои ширкати хусусии "Сомон Эйр" иҷро хоҳад кард. Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 4-уми январ гуфт, ҷиҳати интиқоли мусофирон миёни ду ширкат тавофуқ ҳосил шудааст. "Ин пешниҳод танҳо ба мусофирони хатсайрҳои самти Русия дахл дорад", - афзуд ӯ.
- Ширкати "Тоҷик Эйр" ба 13 шаҳр, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургути Русия парвоз анҷом медиҳад. Ду рӯз пеш ширкат аз қатъи муваққатии парвози ҳавопаймоҳояш ба баъзе самтҳо хабар дода буд.
Дар 10 соли гузашта, дар ин ширкат панҷ раҳбари нав таъйин кардаанд, вале вазъи он зиёд тағйир наёфтааст ва шикоят аз хадамоти он кам намешавад
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо нашри як изҳорот гуфт, аз 3-юми январ парвозҳои самти Душанбе-Маскавро, ки қаблан ба "Тоҷик Эйр" тааалуқ дошт, иҷро мекунад. Хадамоти матбуоти ин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ гуфтааст, дар фурсати кӯтоҳтарин ҳама хатсайрҳое, ки "Тоҷик Эйр" ба самти Русия дошт, аз ҷумла Душанбе-Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сургут ва Самара, ҳамчунон хатсайрҳои Хуҷанд-Маскав, Санкт-Петербург, Сургут, Новосибирск ва Екатеринбург, аз Кӯлоб ба Маскав ва аз Бохтар ба Маскав, Новосибирск ва Екатеринбругро низ аз худ хоҳад кард.
Ба ин минвол, бо аз по афтодани "Тоҷик Эйр", ширкати "Сомон Эйр" ягона ширкат ва яккатози бозори ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ин ширкат ба додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон - Ҳасан Асадуллозода марбут аст. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.
Ду интихоб
Тасмими ба ширкати "Сомон Эйр" додани парвозҳои "Тоҷик Эйр" рӯзи севуми январ пас аз ҷаласаи комиссияи давлатӣ гирифта шудааст. Ин комиссия, қарор аст, то як моҳи дигар тақдири ширкати давлатиро ҳал кунад.
Роҳбарии комиссияи давлатӣ оид ба "Тоҷик Эйр"-ро нахуствазир Қоҳир Расулзода бар дӯш дорад ва худи ӯ низ дар ҷаласаи 3-юми январ ширкат доштааст. Як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ гуфт, вазъи молиявии ширкати "Тоҷик Эйр" хеле нигаронкунанда аст ва дар назди комиссияи давлатӣ вазифа гузошта шудааст, ки аз ин ду гузина ё вариант якеро ба ҳукумат пешниҳод кунад:
- Муфлис ё банкрот эълон кардани ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бинобар касодии молӣ;
- Дар сурати ислоҳпазир будани вазъи "Тоҷик Эйр" дубора ҳамроҳ кардани он ба Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе.
Эроди президент дар охири соли 2018
Интизор меравад, комиссияи давлатӣ дар муҳлати як моҳи оянда вазъи ширкати “Тоҷик Эйр”-ро таҳлил карда, хулосаи худро дар мавриди тақдири ояндаи ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунад.
Охири соли 2018 дар як ҷаласаи ҳукумат президенти Тоҷикистон аз кори "Тоҷик Эйр" интиқод карда ва амр дод, ки фаъолияти ширкатро бисанҷанд. Дар ҷаласаи рӯзи 29-уми ноябр Хайрулло Раҳимов, раиси "Тоҷик Эйр", ҳузур доштааст ва, ба гуфтаи ду фарди огоҳ аз мавзӯъ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи хариди ҳавопаймои бузурги "Боинг 767-332" дахл кардааст.
Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, Эмомалӣ Раҳмон иддао дар бораи "гаронтар аз қимати аслиаш сабт шудани ҳавопаймо дар санадҳо"-ро дар миён гузоштааст. Раиси ҷумҳур аз Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хостааст, масъаларо таҳқиқ кунанд.
"Ҳар ду сол раисаш иваз мешавад"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тоҷик Эйр": То 5 январ парвозҳо комилан боздошта мешаванд. ВИДЕОЭродҳои дигари раиси ҷумҳур ҳамчунин пардохт нашудани музди кори семоҳаи кормандони ширкат ва саривақт напардохтани ҳаққи истифодаи фурудгоҳ ва пули ширкати таъминоти сӯзишворӣ будааст.
"Тоҷик Эйр" шояд ягона ширкати давлатӣ аст, ки ҳар ду сол раисаш иваз мешавад. Дар 10 соли гузашта, дар ин ширкат 5 раҳбари нав таъйин кардаанд, вале вазъи он зиёд тағйир наёфтааст ва шикоят аз хадамоти он кам намешавад.
Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" – дар маҷмӯъ 10 ҳавопаймои мусофирбар доранд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.