Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, бар асари беморӣ дар 55-солагӣ даргузашт. Ӯ баъд аз зуҳри 4-уми январ дар оромгоҳи ҷамоати Хистерварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хок супурда шуд.
Таҳмина Раҳимова, яке аз пайвандони Файзиннисо Воҳидова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вакили мудофеъ соати 2-и шаби гузашта дар бемористони шаҳри Хуҷанд аз ҳаёт чашм пӯшид. Субҳи ҷумъа дар маросими видоъ бо ҳуқуқшиноси шинохта дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) даҳҳо нафар иштирок карданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳимова афзуд, Файзиннисо Воҳидова чанд вақти охир аз бемории "пневмония" ё варами шуш ранҷ мебурд ва бинобар ҳамин, дар бемористон бистарӣ шуда буд. Ба қавли ӯ, Воҳидова дар бахши эҳёи беморхона табобат мегирифт ва шаби гузашта ҳолаш бад гардид ва табибон натавонистанд наҷот диҳанд.
Global Voices дар соли 2016 Файзиннисо Воҳидоваро яке аз шаш зани фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда буд.
"Бо пои худашон ба бемористон рафта буданд, вале дар онҷо якбора ҳолашон бад шуд. Ба шӯъбаи эҳё гузарониданд. 10 рӯз дар он ҷо буданд ва ҳамин шаб ҷон доданд", - афзуд Таҳмина Раҳимова.
Воҳидова оиладор ва модари се фарзанд буд.
Стив Свердлов: Тоҷикистон як ҳуқуқшиноси варзидаро аз даст дод
Пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch Стив Свердлов гуфт, аз шунидани хабар даргузашти ногаҳонии Воҳидова таконзада шуд. Свердлов дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз Тоҷикистон як ҳуқуқшиноси варзида, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва як дӯсти Human Rights Watch-ро аз даст дод". Ӯ гуфт, бо Файзиннисо Воҳидова даҳ соли охир шинос буд ва "ҳамеша бо ҷасорат, мубориза ва нотарсиаш дар баробари парвандаҳо дар ҳайрат мегузошт".
Свердлов гуфт, ҳадди ақал дар ду маврид шоҳиди касбияти ин ҳуқуқшинос шудааст ва дар ҳардуи ин ҳолат тавонистааст барои тантанаи адолат муваффақ шавад. "Замоне ки хабарнигори Би-Би-Си Урунбой Усмоновро барои ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир" муттаҳам карданд, ба шарофати Воҳидова дар давоми як шабонарӯз ҷаҳониён дар бораи боздошту шиканҷа ва гумонбар шудани журналист огаҳӣ ёфт." Дафъаи дуюм, ба гуфтаи Свердов, худи ӯ ҳам дар додгоҳе дар Душанбе аз мурофиаи додгоҳии ширкати "Тоҷирон" ва нашрияи "Имрӯз Нюс"-у вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова ширкат дошт ва "шоҳиди суханронии бисёр касбӣ ва боҷасорати ин ҳуқуқшиноси тоҷик дар муқобили додрас ва ҳуқуқшиносони ҷониби муқобил" шудааст.
Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, Воҳидова ҳатто баъди ин ки аз ҳаққи фаъолияти касбӣ маҳрум шуд, худро аз даст надод ва дар сангинтарин ҳолатҳо "ҳақиқатро мегуфт, шӯхӣ мекард ва нотарс монд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Воҳидова:"Масъули марги Умаралӣ бояд ҷавоб диҳад!""Воҳидова ба мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистон бетараф набуд"
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ даргузашти Файзиннисо Воҳидоваро як талафоти калон мехонанд. Раҷаби Мирзо, фаъоли ҷомеаи маданӣ мегӯяд, ҳузури шахсиятҳое мисли Файзиннисо Воҳидова барои мардуми озодандеши тоҷик руҳу тавон мебахшид. Ба қавли ин рӯзноманигори тоҷик, Воҳидова ҷумлаи онҳое буд, ки ба мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистон бетараф набуд.
"Яке аз чеҳраҳоеро аз даст додем, ки пеш аз ҳама баномус буданд. Номуси онҳо дар заминаи ҳам саводи хеле хуби ҳуқуқиашон ҳам дарк кардани ҳассосияти вазъ буд. Рӯзи 24-уми декабр дар рӯзи таваллудашон навишта будам, ки танҳо ҳузури шахсиятҳое ба мисли Файзиннисо Воҳидова дар Тоҷикистон кофӣ аст, ҳатто агар онҳо ҳеҷ суҳбат ва бархӯрду вокуниш ҳам накунанд, мардуми озодандеши Тоҷикистон каме руҳу тавон дар худ дошта бошанд. Мутаассифона, мо имрӯз ҳамин гуна шахсиятро аз даст додем", - гуфт Раҷаби Мирзо.
"Маддоҳӣ ва тамаллуқро дӯст надошт"
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, Воҳидова аз шахсиятҳое буд, ки дар бораи камбудҳои ҷомеа ошкоро ибрози ақида мекард, ҳатто агар ин кор ба зарари худ ва пайвандонаш бошад. Ба қавли Ҳакимов, Файзиннисо Воҳидова аслан маддоҳӣ ва тамаллуқро қабул надошт, ҳарчанд метавонист дар қатори дигарон замонасозӣ карда соҳиби мақоме гардад.
"Ӯ низ метавонист, ки замонасозӣ кунад ва барои гирифтани ягон мансаб розигӣ диҳад. Вале чунин инсонҳое ҳастанд, ки дар ҳар замону макон кӯшиш мекунанд, на танҳо барои худ зиндагӣ кунанд, балки барои ҷомеа тақдиру вуҷуди худро бидиҳанд. Воҳидова ҳам аз чунин шахсиятҳое буд, ки барои ҷомеа зист", - афзуд Шокирҷон Ҳакимов.
Платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices дар соли 2016 Файзинисо Воҳидоваро яке аз шаш зани фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда буд.
Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошт.
Хонум Воҳидова дар баҳси чандин парвандаҳои пурсару садо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз фармондеҳони шинохтаи собиқи Фронти Халқӣ буд), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва парвандаи журналисти Би-би-сӣ Урунбой Усмонов иштирок кардааст.